РӮНАМОИИ КИТОБИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲИНДУСТОН
Дар Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи исломии Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон санаи 25 марти соли 2026 ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ таҳти унвони «Чолишҳо ва равандҳои адабии форсӣ дар қарни нуздаҳуми милодӣ дар Ҳинд ва Эрон» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш китоби нави профессори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Ҷусторҳо дар адабиёти Ҳинди Бостон» (Алигарҳ, 2026, 298 саҳифа) рӯнамоӣ карда шуд.
Бояд хотирнишон кард, ки ин шашумин китоби профессор Замира Ғаффорӣ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бо хатти форсӣ ба табъ расидааст, ки далели равшани эътирофи байналмилалии мактаби илмии ватанӣ мебошад.
Профессор Замира Ғаффорӣ ҳамчун ҳиндшиноси варзида ва муҳаққиқи шинохта, ҳамчунин барандаи «Ҷоизаи ҷаҳонӣ барои бонувони донишманд» (Теҳрон, 2026) ба ҳисоб рафта, саҳми назаррас дар таҳқиқ ва муаррифии адабиёти форсӣ ва робитаҳои адабии Ҳинду Эрон дорад.
Ба ин муносибат ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Замира Ғаффориро самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти илмиву эҷодӣ комёбиҳои назаррас таманно менамоянд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»