Рӯнамои китоби “Тулӯи ҳақиқат”

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати олимону устодон ва донишҷӯён, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи муаллимон маҳфили муаррифии китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат” баргузор гардид.

Китоби мазкур маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китобҳои пурарзиши илмиву таърихӣ ва адабии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷонибиАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва эҳтимоми шахсии раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир” интишор шудааст.

Маҳфилро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ин китоб армуғони арзандае бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавриди шинохти ҳақиқати таърихӣ оид ба роҳи пурпечутоби миллати тоҷик дар масири таърих маҳсуб мешавад. Ӯ гуфт, ки мақолоти дар китоб фароҳам омада, бори дигар собит менамояд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик қарор доранд ва осори илмиву адабиашон сарчашмаи муътамади илмӣ барои муҳаққиқони муосир маҳсуб меёбад.

Дар суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султозода тазаккур дод, ки арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни кишвар, илм адабиёт ва мақому манзалати чеҳраҳои мондагори миллат аз самти асосии тадқиқоти Сарвари давлат маҳсуб меёбад, ки он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдату истиқлолияти Ватани маҳбубамон муассир аст. Вай нашри китобро дар арафаи Рӯзи забони тоҷикӣ фоли нек дониста, дасрас намудани онро ба хонандагон, махсусан донишҷӯёни мактабҳои олӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷӯрабек Исомаддинов, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи пурмӯтавои ”Пешвои миллат ва масъалаҳои таърихи миллат” оид ба мақолаҳои “Тулӯи ҳақиқат” дар мавриди таърихи миллат ва кишвар андешащои судманд ироа кард. Аз ҷумла оид ба саҳми шоёни Пешвои миллат дар маърифати сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва ташаккули мактаби таърихнигорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ, идома ва таҳаввули корномаҳои шахсиятҳои бузурги миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди таҳқиқи таърихи тоҷикон ба ҳозирин бо санадҳои мушаххас нақл кард.

Зери мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ вапуштибони забони тоҷикӣ” номзади илмҳои филологӣ, Мӯсо Олимҷонов, дар мавриди сиёсати давлатии забони миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори Пешвои миллат дар шинохти сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, хадамоти фарзандони фарзонаи миллат дар густариши забони тоҷикӣ, мақоми шоистаи забони тоҷикӣ ба унвони забони илм дар масири таърих, истиқрори мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру ҳидоятҳо дар амри таъмини покизагии забони тоҷикӣ, мақом ва ҷойгоҳи он дар миёни забонҳои олам, таъмини асолат ва рисолати забони миллӣ дар шароити нави таърихӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавии тоҷикон ҳарф зад.

Муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Нуралӣ Нурзод дар мавриди бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси маънавии халқи тоҷик, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти миллӣ, эҳёи обидаҳои таърихӣ ҳамчун рукни барҷаста ва бузурги таъмини истиқлолияти маънавии халқи тоҷик,ки муаллифон дар радифи дигар ҷустуҷӯйҳои амиқи илмии Пешвои миллат мавриди таҳқиқ қарор додаанд таваққуф намуд. Ӯ гуфт, ки маҷмуаи мақолоти ин маҷмуа муҳаббатномаҳои аҳли илм, сиёсатшиносону рӯзноманигорон ба осори арзишманди Пешвои миллат низ маҳсуб мешаванд, ки ба масоили таҳқиқ ва таблиғи забону адабиёти миллӣ, таъриху фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва падидаҳои нодири мероси маънавии халқи тоҷик ихтисос ёфтаанд.

Номзади илмҳои филологӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар баромади худ таъкид кард,ки ҳарчанд то кунун маҷмуаҳои мақолоти ҷудогонае дар иртибот ба таҳқиқи падидаҳои мухталифи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯи кор омадаанд, аммо китоби “Тулуи ҳақиқат” метавонад сароғози боз як равиши тозаи таҳқиқи марҳилаҳои муҳим ва ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор равад.

Мусанниф ва веростори китоб, номзади илмҳои филологӣ, Саидумрон Саидов гуфт, ки дар китоб оид ба таснифоти пурарзиши Пешвои миллат мақолоти олимони маъруфи тоҷик монанди академикҳо Раҳмонзода Абдуҷаббор, Фарҳод Раҳимӣ, Носирҷон Салимӣ, узвҳои вобастаи АУ ҶТ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Сайфиддин Назарзода, Сахидод Раҳматуллозода, профессорон РавшанРаҳмонӣ, Ҷамшед Ҷӯразода, Шамсиддин Солеҳ,Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, Абдуҷамол Ҳасанзода, Олимҷон Қосимов, Ваҳҳоб Набиев, Хайрулло Сабуров, олимону сиёсатшиноси дигар чун, Матлуба Амонзода, Сайдалӣ Сиддиқ, Сайрам Бақозода, Тоҷибой Султонӣ, Ҳамза Боқӣ, Рухсора Давлатзода, Мӯсо Олимҷонов, Фаридун Ҳодибоев, Нуралӣ Нурзода, Кимиё Атаева, Ромиз Абдуллоев, Ҷамшед Азимов ва дигарон ҷой дода шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ