Рӯнамои китоби нав

Дар толори раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур рӯнамои китоби тозанашр “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” бо иштироки устодон ва донишҷӯёнидонишгоҳ баргузор шуд.

Маҳфилро ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки мардуми кишвар дар остонаи ҷашни бузург 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва он бо 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Мавсуф афзуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тасмим шуд, ки имрӯз китоби тозанашри “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик “ муаррифӣ гардад ва бори дигар ба таърихи рӯшани таърихи навини миллату кишвар руҷӯъ намоем.

Сипас, як очерки телевизионӣ бахшида ба таърихибаргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуд.

Мураттиб ва веростори китоб, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов баромад намуда, оид ба мавзуву мӯҳтавои китоб ибрози назар намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон»- Роль Эмомали Рахмон в развитии цивилизации таджикского народа” бо ду забон бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар бештар аз чиҳил мақолаи олимону адибон, сиёсатмадорону сиёсатшиносони ватаниву хориҷӣ доир ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи навини тоҷикон сухан рафтааст.

Китоб аз андешаву афкори сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣмонанди Владимир Путин, Кофи Анан, Ҷорҷ Буш,Си Чинпин, Жак Ширак, Александр Лукашенко,Аҳмадшоҳ Масъуд, Шавкат Мирзиёев, Шоҳзхода Оғохони 4 ва дигарон оғоз мешавад.

Дар мақолаҳои олимону муҳаққиқон ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик низ самтҳои фаъолияти Пешвои миллатро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта, дар асоси мисолҳои мушаххаси таърихиву илмӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамаддуни халқи тоҷик баён кардаанд. Ҳамчунин дар асар мақолаҳои олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз Англияву Олмон,Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Қазоқистон ҷой дода шудаанд, ки дар онҳо ба фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шудааст. Ҳамчунин китобро андешҳои ҳикматомези Пешвои миллат бо аксҳои ҷолиб музаййан намудааст.

Дар поёни маҳфил чанд нафар аз устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баъзе андешаву бардоштҳои худро аз мулоқот баён карданд.

Теъдоди муайани силсилакитобҳо ба китобхонаи донишгоҳ тақдим шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ