Рӯдакӣ – устоди суханварони Аҷам
Ҷиҳати гиромидошти хидмати мондагори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар факултетҳои донишгоҳ як қатор чорабинӣ доир гардид. Аз ҷумла, назди кафедраи назарияи физика таҳти унвони “Рӯдакӣ ва ташаккули адабиёти классикии тоҷик” мизи мудаввар, бо ташаббуси устодони кафедраи филология ва методикаи таълими они факултети филологияи ӯзбек чорабинии адабӣ, дар факултети филологияи рус дар мавзуи “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” маҳфили кушоди илмӣ баргузор шуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Рӯдакӣ маърӯзаҳо шунида шуда, шеърҳо қироат ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро “султони шоирон” ва “устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо арҷгузорӣ ба хидмати устод Рӯдакӣ ва дар сатҳи шоиста таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22 сентябр қайд мегардад, унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил