«Рози дил»: маҳфили адабиву фарҳангӣ бо иштироки Сайёра Баҳодурзода
Таҳти унвони «Рози дил» бо иштироки шоираи хушкалом Сайёрахон Баҳодурзода дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабиву фарҳангӣ доир шуд, ки дар он адибону олимон, устодону донишҷӯён, мухлисони каломи бадеъ, дӯстону пайвандони шоира ширкат варзиданд.
Маҳфили мазкур бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил гардид.
Дар оғоз барои ҳозирин филмномаи студияи “Фурӯғ”-и донишгоҳ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоира намоиш дода шуд.
Роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” адабиётшинос Саидумрон Саидов маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайрмақдам ва меҳмононро муаррифӣ намуд.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродовбаромад карда, Сайёрахон Баҳодурзодаро бо маҳфили эҷодиаш табрик намуд.
Оҳангҳои марғуб бо садои хуши Устод Ҷӯрабек Муродов ба маҳфил сафо овард.
Ректори донишгоҳ профессорАюб Усмонзода дар суханронии худ оид ба ташаббусҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат дар мавриди рушду такомули эҷодкорони ҷавон изҳори назар намуд. Мавсуф дар бораи Сайёрахон Баҳодурзода ва эҷодиёти ӯ сухан карда, шоираро ҳамчун адибаи ватанпарвару инсондӯст арзёбӣ кард.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфархон аз номи ҳизбиёни вилоят ба шоира саломативу саодатмандӣ таманно кард. Ӯ гуфт, ки Сайёрахон Баҳодурзода ифтихори диёр буда, тараннумгари сулҳу дӯстӣ, ваҳдату саодат мебошад.
Дар маърӯзаи илмии Умеда Абдурашидова, номзади илмҳои филология,таҳти унвони “Назаре ба шеъри Сайёра” паҳлӯҳои ҳунари шоира ва хусусиятҳои ашъораш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нависанда ва тарҷумони маъруф Маҷид Салим дар баромадаш дар бораи мақому манзалати адиб дар ҷомеа изҳори назар карда, арҷгузорӣ ба қаламкашонро аз амалҳои неку ситуданӣ номид.
Сипас, меҳмонон шоираро аз номи Раиси шаҳри Истаравшан ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан муборакбод намуда, гулдастаи ихлоси хешро ҳадя карданд.
Ходими давлативу ҳизбӣ Абдуҳаким Шарипов, Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, собиқадори меҳнат, Матлубухон Мунова, устоди донишгоҳДӯстмуҳаммад Сабурӣ зимни суханронии хеш ба шоира саломатӣ ва барори эҷодӣ таманно карданд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз ашъори шоира намунаҳо қироат карданд ва сарояндагонимаъруфсурудҳои дилнишин бар матни шоира сароиданд.
Дар поёни маҳфил шоира СаёрахонБаҳодурзода аз ашъори хеш шеърҳо қироат намуд ва сипосгузории худро ба ташкилкунандагони маҳфил баён кард.