​Роҳи абрешим 2024 – Конференсияи байналмилалї оид масъалањои истењсолот, маориф, тањќиќот ва татбиќи он дар соњаи њифз, рушд ва истифодаи фарњанги суннатии Шоњроњи абрешим - 2024

Аз 2 то 5 декабри соли 2024 дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Роҳи Абрешим-2024: Конференсияи байналмилалӣ оид ба масоили истеҳсолот, маориф, таҳқиқот ва татбиқи он дар соҳаи ҳифз, рушд ва истифодаи фарҳанги суннатии Роҳи Абрешим” баргузор шуд.

Дар доираи конфронс масъалаҳои бостоншиносӣ, омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии Роҳи Абрешим бо назардошти дурнамои ҳамкорӣ ва мубодила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати маорифи Чин ва бо дастгирии идораҳои илмию фарҳангии ин кишвар баргузор гардида, олимон ва мутахассисони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, Русия, Муғулистон ва теъдоди зиёди олимони Чинро гирди ҳам овард.

Чорабиниҳои илмӣ дар Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин (ДШҒЧ), ки шарики илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, баргузор гардиданд. Аз Тоҷикистон дар ин конфронс профессори кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих Набижон Раҳимов иштирок намуд.

Изҳори бовар шуд, ки конфронс ба рушди ҳамкорӣ ва таҳкими омӯзиши мероси фарҳангии Роҳи Абрешим заминаи муҳим хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ