​Роғун – иншооти аср

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи грамматикаи забони арабӣ семинари сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. Семинар ба мавзӯи “Роғун – иншооти аср” бахшида шуд.

Мудири кафедра дотсент Қӯзиева Нодира семинарро оғоз намуда, ҳадаф аз ин ташаббусро шарҳ дод.

Омӯзгор Қурбонова Сарвиноз дар мавзӯи “Аҳамияти стратегии Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” маърӯза намуд.

Таъкид гардид, ки Роғун — нерӯгоҳи барқии обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар аст.

Гуфта шуд, ки НБО “Роғун” аз 6 агрегати 600 МВт иборат буда, баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш давоми як сол метавонад 17 млрд кВт соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

“Маҳз НБО «Роғун» имкон медиҳад, ки истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш дода шавад ва бо истеҳсоли миёнаи тақрибан 30% қувваи барқ барои солҳои 2020-2050 барои пурра қонеъ кардани талабот мусоидат намояд” – таъкид шуд дар доираи семинар.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён пас аз ироаи маърӯзаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ