Роғун-ҷабҳаи номуси миллӣ
Таҳти ин ном дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ниҳ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ таъкид рафт, ки имрўз мавзуи бунёди Кохи нури Тоҷикистон ба шиори рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.
Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Зебохон Юнусова қайд намуд, ки нерўи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.
Гуфта шуд, ки халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рўшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод” – зикр шуд дар доираи хониши сиёсӣ.
Маркази иттилоот ва таҳлил