Робитаҳои байналмилалӣ: ​шартномаи нави ҳамкорӣ бо донишгоҳи Беларус

Санаи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар ин чорабинии бошкӯҳи сатҳи балйналмилалӣ ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом муаррифӣ намуд.

Тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои маориф, илм ва инноватсия, махсусан дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, баргузор намудани конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ, иштирок дар шуроҳои ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили барномаҳои ҳамгиро, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф, аз мавзуъҳои меҳварии форум маҳсуб мешуд.

Дар доираи Форуми мазкур шартномаи ҳамкориҳои илмӣ – техникӣ байни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии Полоски ба номи Евфросинияи Полоскӣ» ба имзо расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муҳтавои шартномаи ҳамкорӣ ба пешрафти техникии ҳар ду кишвар, омодасозии мутахассисони баландихтисос, анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолот нигаронида шудааст. Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб бо ректори Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Евфросинияи Полоскӣ Романовский Юрий Ятсентович суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои шартномаи ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ рӯз аз рӯз рушд намуда, доираи ҳамкориҳои он фаррохтар гардидааст. Ҳоло донишгоҳ бо зиёда аз 130 муассисаҳои оливу касбии бонуфузи кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Гузашта аз ин, бо як қатор сафоратхонҳову консулгариҳо ва як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Феълан донишгоҳ бо чор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ