Рисолати созандаи Паёми Пешвои миллат
Таҳти чунин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, сарвари донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат манзур гардида, вазифаҳои мардуми шарифи кишвар барои соли 2023 муқаррар гардиданд. Таҳлилҳои анҷомёфта дар мавриди дастовардҳо ва пешрафтҳои назарраси соли 2022 муайян намуд, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат, новобаста ба мушкилоти мавҷуда дар саросари олам ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардида, ба таъкиди Пешвои миллат «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.
Таваҷҷуҳи густардаи Пешвои миллат ба ҷанбаҳои мухталифи тарбия ва умуман ҳаллу фасли муаммоҳои соҳаи маориф дар навбати аввал мақоми инсонгароёна касб намудани ПаёмиПрезиденти кишварро дар сатҳи зарурӣ бозгўӣ мекунанд. Масъалаҳои рушди маориф дар Паёми Пешвои миллат аз марҳилаи ба таҳсил фаро гирифташудани кўдакону наврасон, яъне аз давраи томактабӣ то ба дараҷаи оливу баъдаздипломӣ ба таври возеҳ ва бо нишон додани вазифаҳои муҳимтарини раҳнамову омўзгор ва устод шарҳу тафсир ёфтаанд, - иброз дошт Аюб Усмонзода.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Киромиддин Мухторзода дар мавзуи “Паём — дурнамои амнияти давлат ва ҷомеа”, мудири кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқ Абдусалом Аюбов дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маорифи кишвар” ва мудири кафедраи молия ва андози факултети иқтисодӣ Сайидмуродхон Мамадов дар мавзуи “Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат” маърӯза ироа намуданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки ғамхориҳои пайваста нисбати пешрафти соҳа ва дастгириҳои аҳли маориф, аз ҷумла боло бурдани музди маоши муаллимон, стипендияҳои донишҷўён ва дигар тадбирҳои муҳим моро водор менамояд, ки бештару пештар дар фикри боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бошем.
Маркази иттилоот ва таҳлил