РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТИРО ҚАДРШИНОСӢ НАМУД
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол – 2025» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд»-ро ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо дастовардҳои арзандаашон самимона табрик гуфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин муваффақиятҳои донишҷӯён самараи таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва ҳавасмандии пайвастаи моддиву маънавии роҳбарияти олии кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода мебошад, ки барои рушди илму маориф ва ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқат шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Бо мақсади қадршиносии ғолибон қарори шурои олимони Донишгоҳ ба тасвиб расида, донишҷӯёни муваффақ бо мукофотҳои пулии раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Ректори Донишгоҳ изҳори умед намуд, ки ҷавонони болаёқат минбаъд низ аз болои худ пайваста кор карда, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда дар озмунҳои сатҳи баланд фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои наву назаррас ноил мегарданд.
Қайд гардид, ки дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд, ихтироъкор ва ташаббускор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф буда, чунин муваффақиятҳо ба болоравии нуфузи Донишгоҳ мусоидат менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил