​“Равшангари фардо”: ёде аз зиндагӣ ва фаъолияти дотсент Ҳайдархӯҷа Турсунов

Таҳти унвони “Равшангари фардо” ба муносибати 85 солагии номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Ҳайдархоҷа Турсунов китоби тоза нашр шуд.

Маҷмӯа ба ҳаёт ва фаъолияти олими шинохтаи тоҷик, файласуф ва сиёсатшиноси варзида, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Ҳайдархоҷа Турсунов бахшида шудааст. Маҷмуаи мазкур фаъолияти пурсамари илмӣ, педагогиву ҷамъиятӣ, паҳлуҳои гуногуни кору пайкор ва шахсияти Ҳайдархоҷа Турсуновро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявиро дорост.

Маврид ба таъкид аст, ки Турсунов Ҳайдархоҷа Шарифович 17-уми марти соли 1940 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба дунё омадааст. Соли 1961 ба факултаи методика ва педагогикаи таълими ибтидоии Институти давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил мешавад.

Баъди хатм соли 1965 дар ҳамин муассиса ба кор мемонад. То соли 1967 ба сифати мудири кабинет ва ассистенти кафедраи фалсафа кор мекунад. Минбаъд, ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистони кунунӣ) дохил шуда, ба корҳои илмӣ ҷиддӣ машғул мегардад. Мавзуи рисолаи мавсуф «Диалектикаи инкишофи маданияти халқи тоҷик дар шароити сотсиа инкишофи маданияти халқи тоҷик дар шароити сотсиа лизм» унвон дорад. Соли 1972 дар Донишгоҳи педагогии Маскав таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор В.С.Готт рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои фалсафаро соҳиб шуд.

Мавсуф соли 1980 ба зодгоҳаш – шаҳри Хуҷанд баргашта, 30 соли ҳаёти минбаъдаашро ба таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшид. Ба сифати дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ фаъолият бурда, ҳамзамон, дар ин муассиса вазифаҳои пурмасъулро бар дӯш дошт.

Муаллифи 4 монография, 6 брошюра ва зиёда аз 60 мақолаи илмист, ки арзиши баландро соҳибанд.

Ҳайдархоҷа Турсунов аз ҷамоатчиёни фаъол буда, ба ҳайси лектори ҷамъияти «Дониш» фаъолияти пурсамар дошт. Хидматҳои шоёнаш бо ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти зиёд қадр гардидааст. Соли 1999 унвони Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардид. Бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №303 аз 12.03.2024 сол яке аз кӯчаҳои навбунёди шаҳр ба номи Ҳайдархоҷа Турсунов гузошта шуд, ки нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои бисёрсолаи устод мебошад.

Ҳайдархоҷа Турсунов 29-уми августи соли 2010 дар синни 70-солагӣ дунёро падруд гуфт ва аз ӯ номи неку осори боарзиши илмӣ мерос монданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ