Рамзи давлатдории миллӣ
Дар 18 факултетҳои донишгоҳ бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар устодону донишҷӯён дар мавзуи “Парчами давлатӣ-рамзи давлатдории миллӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин ташаббус доир ба таърихи қабул ва мазмуну муҳтавои рангҳои Парчам маърӯзаҳо шунида шуда, аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
“Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”-зикр шуд зимни ироаи маърӯзаҳо.
Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштаниҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил