​Рафтию дар дида доғ монд ...

Даргузашти Бароатхон Махкамова, забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, ки дирӯз дар синни 65-солагӣ ин оламро падруд гуфт, барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров талафоти гарон аст.

Устоди зиндаёд Бароатхон Махкамова аз ҷумлаи занони донишманду соҳибхирад, ташаббускор, фурӯтан, дорои хислатҳои хуби инсонӣ ва роҳнамои садҳо нафар шогирдон маҳсуб ёфта, ба эҳтирому муҳаббати хоси атрофиён мушарраф шудааст.

Номбурда баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ (1979) ва фанни забон ва адабиёти тоҷики (1980) мактаби маълумоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои сармуаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (1994-1999), кафедраи услубиёт ва маданияти нутқ (1999-2010) ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (2010-2023) кору фаъолият намудааст.

Тамоми умр дар таълиму тарбияи шогирдон машғул шуда, дониш, малака ва таҷрибаи хешро пайваста ҷиҳати пешрафти соҳаи илму маориф, хоса, Донишгоҳи азизамон сарф кардааст.

Номбурда соли 2006 рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзуи «Хусусиятҳои маъноию услубии воҳидҳои фразеологӣ дар назми Лоиқ Шералӣ» ба дифоъ расонидааст. Самти тадқиқотии марҳум Бароатхон Махкамова ба омӯзиши воҳидҳои рехта ва устувори ашъори Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст. Муаллифи 3 асари илмӣ ва беш аз 10 мақолаи илмиву оммавӣ буда, “Фарҳанги мухтасари таъбироти назми Лоиқ Шералӣ” (Хуҷанд, 2001), “Сад тарзи ифодаи як мафҳум дар ашъори Лоиқ Шералӣ” (Хуҷанд, 2002), “Воҳидҳои фразеологиии ашъори Лоиқ Шералӣ” (Хуҷанд, 2009), “Воҳидҳои фразеологии ҳаммаъно дар “Талош”-и Абдулҳамид Самад” (2017) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Афзун ба ин, дотсент Махкамова Бароатхон яке аз занони фаъоли вилояти Суғд ва таблиғгару ташкилотчии беназир ба ҳисоб рафта, мунтазам дар шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд саҳмгузор буд.

Дотсент Махкамова Бароатхон бар ивази фаъолияти пурсамар бо унвони баланди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо ифтихорномаҳои сатҳи гуногун қадрдонӣ шудааст.

Муомилаи хуш ва чеҳраи кушоди ӯ барои ҳар як ҳамсӯҳбат таассуроти нек боқӣ мегузошт. Сад афсӯс, ки риштаи ҳаёти боз як зани олима ва инсони нек канда шуд.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз даргузашти марҳум андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандон изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Равони устод Бароатхон Махкамова шод ва манзили охираташ обод бошад!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ