​Профессори донишгоҳ дар донишгоҳи Белорусия лексия доир намуд

Абдуллоева Меҳриниссо, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми як ҳафта, рӯзҳои 2 – 8-уми апрели соли 2023 барои устодон ва омӯзгорони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Гродинскии Ҷумҳурии Белорусия ба номи Янки Купалӣ лексия гузашт.

Ин ташаббус бо даъвати масъулини Донишгоҳи Ҷумҳурии Белорусия ба роҳ монда шуда, дар раванди фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи нахустин дар даврони истиқлол унвон мешавад, ки бори аввал профессори донишгоҳ дар донишгоҳҳои ҳамкор ба ҳайси “Профессоридаъватшуда” сабақ дод.

Маврид ба таъкид аст, ки профессор Абдуллоева Меҳриниссо дар Донишгоҳи давлатии Гродинскии Ҷумҳурии Белорусия ба номи Янки Купалӣ аз фанҳои забоншиносии умумӣ ва педагогика барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва магистрантон сабақ дода, дар навбати худ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо бо ҳайатиилмиву таълимии ин боргоҳи хирад заминаи мусоид фароҳам овард.

Профессор бартариҳои ҷорӣ намудани технологияҳои аудио, видео ва компютериро дар раванди таълими омӯзиши забони хориҷӣ нишон дода, ба таври осон ва дастрас хусусиятҳои муносибати фарҳангии таълими забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири педагогиро дар таълими забонҳои хориҷӣ шарҳ дод.

Ҳамзамон, оид ба ташкили конфронсҳои якҷоя, таҳия ва нашри монографияву фишурдаҳои илмии ҳаммуаллифӣ бо ҳайати профессорони донишгоҳи мазкур оид ба масоили мубрами забоншиносӣ ва педагогӣ, ташкили Шӯроҳои якҷоя машварату суҳбатҳо анҷом ёфта, дар самти густариши равобити ҷонибҳо иқдом шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳову донишкадаҳои бонуфузи дунё тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, феълан донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ дорад.

Донишгоҳи давлатии Гродинскии Ҷумҳурии Белорусия ба номи Янки Купалӣ аз зумраи муассисаҳои ҳамкор бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад, ки дар асоси шартнома ҷонибҳо равобити судмандро ба роҳ монда, дар доираи ин ибтикор даъвати профессорон аз донишгоҳҳо ҷиҳати хондани лексияҳо ва баргузории курсҳои махсусгардонидашудаи фанҳои дақиқу иҷтимоӣ, табииву риёзӣ бори нахуст татбиқ ёфта, минбаъд идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ