​Проблемаҳои мубрам дар соҳаи маориф дар партави Паёми Пешвои миллат

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизи гирд дар мавзуи “Проблемаҳои мубрам дар соҳаи маориф дар партави Паёми Пешвои миллат” гузаронида шуд.

Нахуст, Шафоат Ҳошимова - мудири кафедра, дотсент қайд намуд, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллатдастури мукаммал барои фаъолияти босубот ва густурда аҳли зиё маҳсуб меёбад. Бо иқтибос аз паём зикр дошт, ки: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Сипас, дотсент Маҳмудҷон Олимов, баромад намуда, иброз дошт, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатморо водор менамояд дар тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ саҳмгузор бошем. Гуфта шуд, ки омӯзгоронрозарур аст, киғояи миллиро тақвият бахшида,ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ