Президент-ҳомии илму маърифат
Дар мавзуи “Президент-ҳомии илму маърифат” дар факултети филологияи тоҷик конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гардид. Ин ташаббус дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба роҳ монда шуд.
Декани факултет Замира Ӯлмасзода зимни баромади хеш аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки олимони донишгоҳ, бахусус муҳаққиқони номвари факултети филологияи тоҷик дар таъмини рушд ва пешрафти раванди илми донишгоҳ муассир аст.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол профессори кафедари адабиёти муосири тоҷик Матлубаи Мирзоюнус дар озмуни донишгоҳии “Олими сол” мақоми якумро соҳиб шуд, ки боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии факултет аст.
Дар идома аз ҷониби як қатор устодон маърӯзаҳо шунида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил