​Пиряхҳои Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим

Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла муаммоҳои соҳаи геология ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим шароити мусоидеро фароҳам овард.

“Сарвари давлат дар мавриди оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки таъсироти он пеш аз ҳама ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд ба мушоҳида мерасад, мулоҳизаронӣ намуда, дар суханрониҳояшон дар яке аз минбарҳои байналмилалӣ чунин таъкид доштанд: “Солњои охир гарм шудани иќлими сайёра идома дорад ва ин барои Тољикистон боз як хатари нав ба вуљуд овардааст, ки он бо суръати ѓайримуќаррарї об шудану торафт кам гардидани майдони мављудаи пиряхњо дар кўњистон мебошад. Агар ба ин раванд дараљаи баланди афзоиши ањолиро, ки ба Осиёи Марказї бештар хос аст, зам кунем, пас тасаввур намудан душвор нест, ки масъалаи таъминоти ањолї бо оби тоза дар оянда то чї андоза шадидтар хоњад шуд” – афзуд ректори донишгоҳ.

Изҳори умед шуд, ки баргузории конференсия қадамҳои муҳаққиқони соҳаҳои гуногунро баҳри татбиқи ғояҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат боз ҳам устувор гардонида, дар ин замина барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки бевосита мерасонад ва ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, рӯи кор омадани асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба сухан баромада, перомуни мавзуи меҳварии конференсия нуктаҳои муҳиму судманд ироа доштанд.

Дар идома профессори кафедраи географияи табиӣ Абдураҳимов Садриддин дар мавзуи “Таҳлил ва баҳодиҳии геоэкологии вазъи имрӯза ва дурнамои наздики Баҳри Арал”, сардори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаюмов Абдулҳамид таҳти унвони “Саҳми МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар иҷроиши сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо”, сардори Маркази обу ҳавошиносии вилояти Суғд Ҳомитов Абдувалӣ перомуни “Баҳодиҳии геоэкологии мушкилоти ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим” ва и.в. мудири кафедраи кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология ва туризм, дотсент Турдиев Турдибой доир ба “Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои локаликунони раванди коҳишёбии онҳо” маърӯзаҳо ироа карданд.

Конференсия дар се бахш ба кори худ идома бахшид. Дар бахши якум таҳти унвони “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об” 17 маърӯза, дар бахши дуюм “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ” 15 маърӯза ва дар бахши сеюм “Оқибатҳои экологӣ-иқтисодии таъсири антропогенӣ, техногенӣ ва табиӣ” 15 маърӯза шунида шуданд.

Дар маҷмуъ, дар доираи конференсияи мазкур беш аз 50 маърӯза ироа ёфтанд, ки масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлимро

Шоистаи таъкид аст, ки ДонишгоҳидавлатииХуҷандбаномиакадемикБобоҷонҒафуровҳамчунмарказибонуфузиилмивутаълимӣҷиҳатитатбиқиҳадафҳоиСолибайналмилалии ҳифзипиряхҳо” тадбирҳоимуҳимеророҳандозӣнамуда, минбаъд низдаринравандкорҳоимуайянеробаанҷоммерасонад. Зеронерӯиилмииинборгоҳиилмумаърифатдарсоҳаиилмҳоитабиатшиносӣустуворбуда, мутахассисонисоҳадаринарсакоруфаъолиятменамоянд. Айни ҳолдарфакултетигеоэкологияватуризм 2 докториилм, 5 номзади илм ва беш аз 6 унвонҷӯбатаҳқиқотҳоигидрологӣваглятсиологӣмашғулмебошанд.

Ҳамчуниндардонишгоҳ дар доираи чунин ташаббусҳоМарказиглятсиологӣтаъсисёфта, осорхонаи минералогӣвапетрографӣ, озмоишгоҳитаълимӣ -таҳлилӣмавридиистифодақарордодашуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ