​Пешвози ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Барои иҷрои ин амри Пешвои миллат устодони факултети филологияи тоҷик донишҷўён ва магистрантону докторантонро (PhD) ҷиҳати иштирок дар озмун омода намуданд.

Дирӯз ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро дар факултети филологияи тоҷик, устодону донишҷӯён самимона истиқбол намуданд.

Декани факултет Муҳаббат Тиллохоҷаева ғолибону иштирокчиёнро табрик намуда, қайд дошт, ки ширкат дар чунин озмуни бонуфузва сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ боиси сарфарозии кулли устодону донишҷӯён ва роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки натиҷаи ҳамин заҳмату талошҳои устодону донишҷӯёни факултет буд, ки дар соли 2021 низ донишҷӯёну магистрантон ва докторантони PhD-и факултет мисли солҳои қаблӣ дар давраи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, ки аз 3-юм то 15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид 13 нафар донишҷӯёну докторантони PhD аз факултети филологияи тоҷик дар номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар маҷмӯъ,донишҷӯёну докторантони PhD-и факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2021 дар давраи ҷумҳуриявии озмун 9 ҷойи намунавиро ишғол карданд.

Натиҷаи саъю кӯшишҳои устодону донишҷӯён ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти донишгоҳ аст, ки дар бахши “Шоирӣ” 1 ҷойи аввал, дар бахши “Адабиёти классикии тоҷик” 2 ҷойи дувум, 2 ҷойи севум ва 1 ҷойи ифтихорӣ, дар бахши “Адабиёти муосири тоҷик” 1 ҷойи дувум ва 1 ҷойи севум, дар бахши “Адабиёти бачагона” 1 ҷойи дувум ва 1 ҷойи севум насиб гардид. Инҳо Меҳриддин Сулаймонов (Родмеҳри Сулаймонии шоири ҷавон) – донишҷӯи соли дувум ҷойи аввал дар номинатсияи “Шоирӣ”, Шодмонбибӣ Шарофова – докторанти PhD-и соли севум ҷойи дувум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” (ба раҳнамоии профессор Нуралӣ Нуров), Муродҷон Саҳобиддинов – донишҷӯи соли севум ҷойи дувум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев), Шарифҷон Мизробов – донишҷӯи соли чорум ҷойи дувум дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев), Ансоралӣ Эшбеков – ҷойи дувум дар номинатсияи “Адабиёти бачагона” (ба раҳнамоии дотсент Умеда Абдурашидова), Маликабону Рӯзиматова – донишҷўи соли севум ҷойи севум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев), Покиза Шодмонзода – донишҷўи соли севум ҷойи севум дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева), Исмоил Саидов – докторанти курси севум ҷойи севум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Шарифҷон Тоҷибоев), Аслиннисо Ёдгорӣ – докторанти PhD-и курси дувум ҷойи севум дар номинатсияи “Адабиёти бачагона” (ба раҳнамоии профессор Замира Ӯлмасова), Сабрина Муҳаммадраҷабзода ва Отабек Ортиқов – донишҷӯёни курси севум ҷойҳои ифтихорӣ дар бахши “Адабиёти классикии тоҷик” (ба раҳнамоии дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев)-ро ишғол кардаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ