ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Раванди вусъатёбии худшиносии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо номи фарзанди фарзонаи миллат, ташаббускор ва бунёдгузори давлатдории миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вусъат ва густариши худшиносии миллиро яке аз мавзуъҳои меҳварии сиёсати давлат муайян намуданд. Ҳадафи калидии сиёсати Роҳбари давлат дар самти мазкур – ин ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат омӯхтани таърихи Ватан, эҳё ва рушди худшиносии миллӣ дар ҷомеа торафт меафзояд. Худшиносии миллӣ яке аз меъёрҳои калидии ахлоқӣ маҳсуб меёбад ва дар тӯли таърихи башарият он зери омӯзиши олимону муҳаққиқон қарор дошт. Рушди худшиносӣ яке аз шартҳои муҳими тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Тавре, ки Пешвои миллат қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Самти сиёсии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вусъат ва густариш намудани худшиносии миллӣ – ин аз нав бунёд намудани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ба таври раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 феврали соли 1995 интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, 27 июни соли 1997 комёб шудан ба Ваҳдату ягонагӣ, созмон додани Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ба имзо расонидани «Аҳдномаи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайра иборат мебошанд.

Маҳз талошу кӯшишҳои Сарвари давлат дар заминаи эҳёи таърихи миллӣ буд, ки нақша ва тарҳи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён таҳия гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он барномарезиҳои ҷиддии давлатӣ ва ҳукуматӣ анҷом пазируфт.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини раҳбарӣ ҷиҳати тақвияти ҳофизаи таърихии миллат ва устувору пойдор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ камари ҳиммат барбаст. Донистани таърихи миллат ва касби донишҳои таърихӣ, ки дар ташаккули ҳувият ва пурқувват шудани руҳияи миллӣ нақши муассир доранд, дар меҳвари кори Сарвари давлат қарор гирифт. Ин буд, ки дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён ва бо мақсади таҳкими раванди худшиносию худогоҳӣ Сарвари давлат китоби ҷудогонаеро таҳти унвони «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» таълиф намуд.

Эҳсоси миллатпарастӣ, ҳувиятшиносӣ ва ҳувиятсозӣ, ки аз донистани таърихи миллӣ шуруъ мешавад, Сарвари давлатро бар он водошт, ки дар заминаи таърихи бумӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ чандин китоб ба чоп расонад. Аз ҷумла, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсиши нахустинро, ки миллатро ба ҳувиятшиносӣ ва пурсишгарии аҷдодӣ ҳидоят мекунад, дар пешгуфтори китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» чунин матраҳ месозад: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахзустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?».

Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон вазъи руҳию равонӣ, фикрию сиёсӣ ва ахлоқию ҳувиятии мардуми мусибатзадаи тоҷикро, ки даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дақиқ ба мушоҳида гирифта, ба натиҷае мерасад, ки тағйир додани зеҳн, бозсозии фикрӣ ва таъмири тафаккури миллӣ тавассути забону фарҳанг ва донишҳои таърихӣ, ки дар бойгонии мероси аҷдодӣ нуҳуфтаанд, имконпазир мегардад. Ба назари Сарвари давлат, «ифтихори миллӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат оғоз меёбад».

Бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ, эҳёи таърихи миллӣ ва хотираи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба фарзандони фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров унвони баланди давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донист. Дар ин замина 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Гузашта аз ин, бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд нашр шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби худ «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» менависад: «Асари «Тоҷикон», воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда, ба фарзандони бедордилу фидоӣ руҳу равон бахшид…».

Президенти мамлакат, Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқро аз зумраи муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ унвон кардаанд.

Маҳз ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо дар сатҳи давлатӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифта шудаанд ва ин раванд босуръат идома меёбад. Ҳамчунин давлат саъю талош меварзад, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамон ба аҳли олам ба таври боиставу шоиста муаррифӣ гардад. Муҳимтар аз ҳама, донистани таърихи миллӣ ва неруманд сохтани хотираи таърихиро Сарвари давлат аз мушаххасоти калидии ҳувиятӣ медонанд. Вобаста ба ин, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъулини сохтору мақомоти марбута дастур доданд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди бузург нашр шуда, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ройгон тақдим гардад.

Баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллӣ аз тариқи баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ анъанаи неки давлат ва Ҳукумати кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Соли 2020-ум дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ таҷлил гардиданд. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нукта ишора карданд, ки: «Таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад».

Тақвият бахшидани ифтихороти миллӣ тавассути таҷлили ҷашну маросими миллию мардумиро Сарвари давлат иқдоми зарурӣ дар роҳи сохтмони давлати миллӣ медонанд. Махсусан, таҷлили саросарии ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргону Сада ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватанпарастии насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро боло мебарад.

Ба ин далел, Президенти мамлакат зимни суханрониҳо таъкид медоранд, ки «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

Сарвари давлат ба таъсири ойину суннатҳои дерину дерпойи миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ бовар доранд ва дар ин замина тазаккур медиҳанд, ки: «Тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд».

Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарсилсилаи тамоми ҷашнҳои миллию аҷдодӣ — Наврӯзро «рамзи ҳувияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» номида, 27 марти соли 2014 зимни суханронӣ дар маросими расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Афғонистон таъкид карда буданд, ки тавассути Наврӯз ва ойинҳои наврӯзӣ ҳалқаи васли мардумон ва ҳамгиройиву ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ таъмин мегардад.

Таҳти роҳбарии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 680 солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Худҷандӣ, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров, Рӯзи забони тоҷикӣ, 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1130-солагии Имоми Аъзам, бо унвони олии Қаҳрамонони Тоҷикистон шоиста донистани устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола 9 сентябр таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба табъ расидани китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Фарҳанг-ҳастии миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси стипендияҳо, квотаҳои Президентӣ ва ғайра барои густариши худшиносии миллӣ миёни ҷомеа нақши калидӣ бозиданд.

Дар ҷомеаи имрӯз техникаю илм пеш мераванд ва бо баробари афзудани аҳолии Замин дар сатҳи зиндагии мардум низ мушкилии гуногуне рӯ ба рӯ мегарданд. Баъзе афроде ёфт мешаванд, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо дарки хатои дини мубини ислом ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд ва дар натиҷа даст ба ҷиноят зада, ҳаракату амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд. Агар ҷавононро аз хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоед, мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, амиқ дарк менамоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат боз ҳам такрор менамоянд, ки: «Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунав қадам хоҳем зад».

Бояд таъкид кард, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим рӯй овардан ва дарку маърифати худшиносии миллӣ аз ҷониби занон мебошад. Дар ин маврид низ Сарвари давлат яке аз аввалин чораандешон ҳастанд, ки бо фармони худ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намояндагони ҳукуматро водор карданд, ки ба иштироки зан дар корҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва солимии оила таваҷҷуҳ намоянд. Барои ҷомеаи муосири мо занони бомаърифату худогоҳ бештар лозиманд. Дар ҳадисе омадааст, ки «худро бояд дуруст шинохт», яъне, натанҳо мардон, балки занон низ мебояд ба амри худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Зеро маҳз аз зани солиму соҳибтафаккур фарзанди солиму хештаншинос ба дунё меояд.

Дигар масъалае,ки зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ин арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, махсусан ба либосҳои милли тоҷикона мебошад.Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафтанд. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Аммо мутаасифона он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳаллаҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо муд шудааст ва ягон асолати милливу динӣ надоранд ин ҳама аз тақлиди кӯр-кӯрона ва нобасомони бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ дорад. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Пас зани тоҷикро зарур аст, ки мафтуни сеҳру ҷазобияти атласу адрас, гулбасти чакани Хатлон ва гулдӯзиҳои нотакрори минтақаҳои худ буда, аз рангҳои пурҷило истифода баранд. Набояд фаромӯш кард, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Либоси миллии тоҷикона ёдгорӣ аз аҷдодонамон аст, ки нишон, фарҳанг ва маданияти тоҷиконаро акс мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш, аз ҷумла Паёмҳои ҳамасола доир ба тарбияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ суханрониҳо намуда таъкид менамоянд, ки «Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд».Чуноне дар Паёми хеш иброз намуданд: «Дарсарзамини суханпарвари мо адибони соҳибкитоб ҳарқадар бисёр бошанд, бояд маърифатамон ҳамонқадар боло равад. Лекин ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки баъзан сифат қурбони миқдор шуда истодааст».

Роҳи худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ дар назари тоҷик арзиши муайян пайдо кардани тоҷик аст, новобаста ба мансубияти маҳаллии он. Ин маънои онро надорад, ки нисбат ба дигар халқу миллатҳое, ки ҳамроҳи мо бародарона зиндагӣ мекунанд, беэътинои кард, ҳаргиз, чунки чунин гузориши масъала ба миллатчигӣ мебарад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, миллат ва ҳувияти миллат афзалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ давлат низ дер ё зуд тафаккур ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазиранд. Пас моро зарур аст, ки ба ин муқаддасоти милли арҷ гузошта, фарзандони худро дар руҳия поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ тарбия намуда ба воя расонем.

Сарвари давлатамон он шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд, ки ин омили муҳими дигар дар роҳи бештар шудани маҳбубияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқаш мебошад. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф меёбад, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Ҷойи хушист, ки дар давоми даҳ соли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар пайи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ махсус саҳнаи намоиши ин ҳунару анъанаҳоро тамошо мекунад. Бо аҳли ҳунар суҳбату мулоқот анҷом медиҳад, аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумӯи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки як навъи муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Имрӯз ба симои пойтахти кишварамон менигарем ва пеши назар як шаҳри фарҳангие ҷилва менамояд, ки бозгӯи таърихи ҳазорсолаҳост. Биноҳои муҳташами гунбазшаклу дорои манораҳо шаҳрҳои қадимии миллатро ба ёд меоранд. Зебу зиннати миллӣ ва баъзан нақшҳое дар болои гунбазҳо ифодаву мафҳуми «тоҷик»-ро кушодан мехоҳанд. Ин ҳама хидматҳои шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки фарҳангро арҷгузорӣ кардааст. Ин таҳаввулот ба ҳамаи мо умед бахшида метавонад, ки сиёсати фарҳангии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллату марзу буми моро чун сипари тавоно умри ҳазорсолаҳо мебахшад.

Ҳадаф аз таҳлили ин гуфтаҳои боло дар он аст, ки халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 30-сол инҷониб дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилӣ зиндагӣ ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки онро шиори худшиносии милат номем, ки он аз ҳар фарди тоҷик меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд.

Нигоҳ доштани ҳамин ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ- техникии муосир бояд кори ҷонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Якдилию якдигарфаҳмӣ, қадрдонии ҳамдигарии аҳолии Тоҷикистон новобаста ба минтақаҳои сукунаташ шарти асосии пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мардум бояд дарк кунанд ва бифаҳманд, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расонидан намехоҳад. Аз ин ҷониб, ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида хушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосо бояд шиори зиндагиаш бошад. Танҳо ягонагии миллӣ, дӯстдоштани ватан, ягонагии халқ бо ҳокимияти сиёсӣ ва наздикии ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ин неъмати бобаҳоро пойдор намудан мумкин аст.

Хулоса, масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.

Ғафурзода Дилбар,

дотсенти кафедраи

журналистика ва назарияи тарҷума


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ