ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲҚИҚИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Баррасии масоили забон як бахши умдаи пайкорҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба таъбири дигар, ҳарчанд татбиқи амалии ҳамин ҷузви сиёсати хирадгароёна бо руҷӯъҳои таърихии бевоситаи Сарвари давлат дар самти роҳандозии солгардҳои чеҳраҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо ва расму одатҳои миллӣ дар саросари мамлакат сурат мепазирад, аммо мулоҳизоту дилбастагии чунин шахсияти таърихӣ дар китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба сифати пуштибони маънавии мероси гаронмояи ниёгон фароҳам омаданд.
Китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» идомаи мантиқии ҳамин гуна ҷусторҳои парчамбардору меросбари содиқи ин ганҷинаи бебаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тамоман нави таърихӣ мебошад. Бо вуҷуди ин ки чунин мавзӯот дар доманаи ҳамин гуна тадқиқотҳои пурдомана таҳлилу баррасӣ шудаанд, вале ҷавҳари асосии пайкорҳои созандаи Пешвои миллатро дар ин замина бозгӯии ҷуғрофиёи таърихии халқи тоҷик, ки ҷузви пурифтихори он забон аст, ташкил медиҳад.
Ба инобат гирифтани даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, густариш, хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ, намунаҳои хат, замони пайдоиш, вижагиҳо, замина ва омилҳои ташаккули он боиси мушаххас баён шудани қаламрави пурвусъати забони форсӣ дар тӯли ҳастии чандинҳазорсолаи он гардидааст.
Таҳлили ҳамаҷонибаи ин масоил бо беҳтарин ваҷҳ аз нахустин фасли боби аввали китоби мазкур, ки «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» номгузорӣ шудааст, оғоз ёфтааст. Барои дарки моҳияти масъалаи мазкур дар ин бахш зарурати шарҳи баъзе истилоҳот пеш омадааст, ки корбурди ин равиш барои бозгӯии сарҳади инкишофи забонҳои ориёӣ ба сифати қисми муҳими таърихи забони тоҷикӣ ёрмандӣ менамояд.
Ба эътиборгирии пайванд, шабоҳат, умумият ва ҳамгуниҳои забонии мардумони ориёии эронӣ ва ориёии ҳиндӣ, ки «Авасто» ва «Ведо» ба сифати манбаи муштараки ёдгориҳои ин давра хидмат менамоянд, ба ҳукми як равиши алоҳидаи тадқиқотӣ дар аломатгузории ҷуғрофиёи таърихи забон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафтаанд. Корбурди ин усул заминаеро ба бозгӯии чигунагии густариши забону лаҳҷа ва расму одатҳои мардумони ориёӣ фароҳам оварда, ҳамин тариқ ҷуғрофиёи ориёиҳо дар асоси далелҳои қотеи илмӣ чунин муайян гардидааст: «… даштҳои ҷануби Русия, соҳилҳои баҳри Сиёҳ, назди баҳри Азов то шимоли Кавказ (скифҳо ва сарматҳо), Осиёи Миёна, минатақаҳои назди соҳили Сирдарё, қисмати шарқ то Туркистони шарқӣ (мардумони сакоӣ), водиҳо ва ваҳоҳаи Осиёи Миёна дар ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва навоҳии атрофи он (суғдиҳо), поёноби Амударё (хоразмиҳо), болооб ва қисматҳои миёнаи соҳилҳои рост ва чапи Амударё (бохтариҳо), як бахши Хуросон то ҷонуби Туркманистон (портҳо), шимолу ғарби Эрон (модҳо), ҷанубу ғарби Эрон (порсҳо)».
Агарчӣ дар ин иқтибос чи тавре ки дар боло таъкид намудем, маҳалли паҳновари сукунати қавмҳои ориёӣ нишон дода шудааст, вале бояд қайд кард, ки ҳамин ҷуғрофиё бо ҳамраъйии аксари муҳаққиқон дар ҳазораи аввали пеш аз милод ҳамчун хостгоҳи таърихии забони ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла ҳиндуэронӣ низ пазируфта шудааст.
Дар маҷмӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вусъат ва масоҳати сукунат боиси дар ин китоб ифода ёфтани қаламрави забон гардида ва бо баршумурдани даврабандии он баъдан ин равиш ба як усули бознамоии сарҳади таърихии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки забони тоҷикӣ идомаи таърихии онҳост мубаддал гаштааст. Ҳамин ҳадаф ба унвони як равиши хос дар фасли дуюми боби аввали китоби мавриди назар, ки «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» ном дорад, табдил ёфтааст.
Дигар равиши корбастшуда дар ин раванд ба инобат гирифтани муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва расму одатҳои диниву мардумӣ ба ҳисоб меравад. Муаллиф бо маводҳои гирдовардашуда дар бознамоии марзҳои фарҳангӣ як андоза дар доираи фосилаи калони замонӣ, ки чандин ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, мухтасаран ба муштаракоти ин забонҳо ишораҳо намуда. Дар ин бахш манзараи умумии тасвири харитаи инкишофи забони тоҷикӣ дар як марҳилаи тӯлонии таърихӣ, ки аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод то асри ҳозир доман паҳн кардааст, бо баёни хусусиятҳои се давра: давраи забони эронӣ, давраи миёна ё асримиёнагӣ ва давраи нав баррасӣ ёфтааст. Ба назар мерасад, ки ҳар як давра фарогири чандин қаламрави давлатҳои қудратманди ҳавзаи тамаддуни ориёӣ буда, баҳрамандие аз лаҳҷаву шеваҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ доштаанд.
Бо таҳқиқи решаҳои амиқи забон дар мисоли вожаи «тоҷик», ки ба ҳамин гуна масъалаҳо имрӯз ниёз доштани ҷомеаро бозгӯ менамояд, ин равиш идома пайдо мекунад. Ҳарчанд унвони фасли нахустини боби дуюм «Истиқлолият ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» номгузорӣ шудааст, вале бо назардошти ҷуғрофиёи фарҳангии забони тоҷикӣ ва фосилаи дурударози таърихӣ, ки як муддат бо ҳадафҳои маълум ин асли таърихӣ инкор ҳам мегардид, маҳдуд намонда, бо таҳлили масъалаҳои вобаста ба шинохти рукну пояҳои фарҳангофари ин мероси гаронмоя доманаи фарохи ҳамин сарҳади бегазандро пеши назар ба ҷилва овардааст.
Дар боби дуюм бо муродифоташ таҳлил шудани калимаи тоҷик аз қабили эронӣ, аҷамӣ, порсӣ, деҳқон ва ҳамчунин муродифоти тавсифиаш озод, озода, озодагон, озодазодагон, озоднажод ва озоданажод ба асли таърихӣ ва ҷӯғрофии қавмиятҳои сарзамини таҳҷойии минтақаҳои дар боло нишондодашуда ишорат мекунад.
Барои баровардани хулосаҳои дақиқи илмӣ дар ин маврид чанд далелҳо аз катибаҳо ва сиккаҳои бозёфтгардидаи бохтарӣ истифода шудаанд. Дар баробари ин забти муносибати мутақобилаи вожаи тоҷик, турк, аъроб, тоту сарт низ барои рӯшан баён гардидани матлаб кӯмак расондаанд, ки онро дар фасли дуюми боби дуюм «Муродифоти вожаи тоҷик» ба мушоҳида гирифта метавонем. Масалан, дар мавриди вожаи «сорт» ва «сарт» менависад: «Калимаи «сорт» ва «сарт» низ номи дигаре аст, ки тоҷикҳоро ба он ном мехонанд». Ҳамин тариқ бо овардани чунин мисолҳо дар бораи сарзамини онҳо менигорад: «Бояд ба назар гирифт, ки дар як солномаи тибетии соли 732 милодӣ тоҷикон ҳамчун сокинони бумии Эронии Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягони наздики Чин дар ғарб ёд шуданд».
Ҳамин матлаб дар фасли сеюми боби дуюми китоби мазкур, ки «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» ном гирифтааст, ҷой дорад. Яъне ин далелу асноди нави илмӣ як андоза ҳамовозиву ҷонибдории муборизаҳои Садриддин Айнӣ дар самти эътирофи ҳаққи тоҷикон ҳамчун сокинони бумии ин манотиқ мебошад, ки ин вазифа ҳам аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун ҳомиву пуштибони давлату фарҳанги ниёгон дар асри навин сарбаландона анҷом ёфта истодааст.
Бо пеш гузоштани замони пайдоиши забони тоҷикӣ дар фасли алоҳидаи китоб, ки ҳамин унвонро дорад, бо истифода аз маводи устуравӣ, сарчашмаҳои аҳди классикӣ ва пажӯҳишоти илмии олимони дохиливу хориҷӣ ба андешаҳои баҳсноки ҷараёнҳое, ки соҳибияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна дар даҳсоли дуюм ва сеюми асри гузашта инкор менамуданд, посухҳои сазовор додааст.
Аз истифодаи ин равиш бар меояд, ки забони форсӣ ва равобиту муносибатҳои он бо забонҳои дигар таваҷҷуҳи донишмандони хориҷиро ҳанӯз ҳазор сол муқаддам ба худ ҷалб кардааст, ки ин ҳам ба ҷуғрофиёи васеъ пайдо кардани ин забон дар байни забонҳои қудратманди ҷаҳонӣ дар ин давра ишорат мекунад. Масалан, дар такя аз муқаддимаи «Таърихи Табарӣ» ба аввалин нафароне мисли Каюмарс, ки мувофиқи маълумоти осори устуравӣ ба забони форсӣ нахустин маротиба сухан гуфтаанд, маълумот дода, бо овардани иқтибоси зерин аз «Таърихи Табарӣ» манзараи умумии масъаларо рӯшантар тасвир сохтаанд: «…Ва дигар ин буд, ки забони порсӣ аз қадим боз донистанд. Аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони рӯйи замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ. Ва аввал касе, ки сухан ба забони тозӣ гуфт Исмоил пайғамбар буд… Ва ин ҷо бад-ин ниҳоят забони порсист ва мулукони инҷониб мулуки Аҷаманд».
Ҳамин тариқ, китоби Сарвари давлат яке аз сарчашмаҳои арзишманди илмӣ ба ҳисоб омада дар ин раванд масъалаҳои назарии тавсеа ёфтани забон ба таври барҷаста мавриди таҳқиқу баррасии амиқ қарор гирифтааст ва нишон медиҳад, ки забони тоҷикӣ яке забонҳои қадима маҳсуб ёфта, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ рушд ёфтааст.
Ромизи Абдуллоҳ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ