ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ХУШЗИСТӢ
Хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гирдоби бисёр азими бархӯрдҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳиву қудратёбии доираҳои абарқудрат қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин тақдир дар канор нест. Баробари қарор гирифтан дар чунин ҳолат кишвари мо кӯшиши таъсир гузоштан ба ҳаллу фасли қазияҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонро дорад.
Муаммоҳои иҷтимоӣ ва глобалии ҷаҳонӣ дар рисола ва мақолау суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо диди хос, бо баҳрамандӣ аз таҷрибаҳо ва бо такя ба равандҳои ҷомеаи башарӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин ҷиҳат коршиносони сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ имрӯз ба мавқеъ ва нақши муҳими кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили умдаи сиёсии ҷаҳон баҳои сазовор додаанд.
Аз назари ҳассосияти қавмиву мазҳабӣ кишвари мо миёни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи устувори сиёсӣ дорад, ки масоили марбут ба он борҳо баррасӣ шудаанд.
Дар суханронии навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12-уми майи соли 2018) низ муаммоҳои умдаи кишвар баррасӣ шудаанд. Дар ин суханронӣ Пешвои миллат ба ҷойгоҳи ислом чун нишонаи имондорӣ, таҳкими ҷаҳони маънавӣ, такмили одоб ва тазҳиби ахлоқ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар суханронӣ ба чанд нуктаи муҳим ва ҳассоси кишвар ва ҷаҳон бармехӯрем.
Нуктаи аввал ба озодона ва дар доираи аҳкоми шариат адо кардани фаризаву воҷиботи динӣ аз ҷониби мардум, гиромидошти онҳо аз арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳона, кӯшиши мардум дар риояи фазилатҳои парҳезу накӯкорӣ, худдорӣ аз амали зишт, аёдати падарон ва модарон, беморону ранҷурон, ёрмандии тавондастон ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон марбут аст. Аз диди Пешвои миллат «моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад».
Дар ин чашмандоз динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ, ки дар ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст, баҳои муносиб дода шудааст.
Президенти кишвар чун осебшиноси пурбину огоҳ аз равандҳои ҷории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти вазъи зист ва мушкилоти сайёраи рӯи Замин ба ин нуктаи ҳассос пай бурдаанд, ки «ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».
Дарки ин нуктаи муҳим Пешвои миллатро қаблан ба таҳлилу арзёбии ҷойгоҳи созмонҳои бонуфузи берунии байналмилалӣ дар заминаи таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ҳаёти инсоният водоштааст.
Ин ҳама зуҳурот натиҷаи гирифторӣ ба гирдоби нафсу манфиатҷӯӣ , аз олами табиат ҷудо шудани инсон, муносибати нохуб, ғайриоқилона, нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ – Замин будааст.
Нуктаи дигари суханронии Пешвои миллат ба амри дар сари инсон қарор ёфтани моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезии зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаи бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ марбут аст, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд. Аз ин нуқтаи назар имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳоли вазнини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисод, техникаву технология ва дин василаи тарғибу ташвиқи манофеи сиёсӣ ва гуруҳиву минтақавӣ қарор гирифтааст.
Аз ин рӯ, хеле ҷиддӣ ва усулӣ аст, ки Пешвои миллат инсоният ва аҳли ҷомеаи тоҷикро ба андешаи амиқ сари масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаву башар вомедоранд. Бо назардошти мутолиаи суханронии Пешвои миллат ҷомеаи моро зарур аст, ки ба пешгирӣ кардану аз байн бурдани харобкорӣ дар ин ҷабҳа дастаҷамъона чораҷӯӣ намоем.
Матлубаи Мирзоюнус,
Субҳони Аъзамзод,
устодони Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»