Пешвои миллат– поягузори давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон

Яке аз омилҳо ва сабабҳои асосии бӯҳрон ва муқовимати шадиди сиёсӣ, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои идоракунӣ ва давлатдорӣ дар оғози истиқлолият ба шумор меравад. Бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ дар майдони Шаҳидон ва Озодӣ, дигар майдонҳои шаҳри Душанбе, дуздӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, куштор, лату кӯби одамони бегуноҳ, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукумат, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон оварда буд, маҳз самараи ҳамин ҳолати фалаҷ гардидани фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, хосатан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд.

Қонуншиканӣ аз оѓози марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ҳадде расида буд, ки Президенти нахустини дар Парлумон интихобшуда - Қаҳҳор Махкамовро тавассути фишорҳо маҷбур карданд, ки ба истеъфо равад. Куштори ваҳшиёнаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев (24.08.1992) аз ҷониби силоҳбадастони Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ далели он буд, ки қонун, шаъну эътибор ва ҷони инсон дар назди гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифин арзише надошта, онҳо омода буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз даҳшатноктарин васила-куштор, зӯроварӣ, таҳдид ва гаравгонгирӣ истифода баранд. Гаравгон гирифтани вакилони Маҷлиси Олӣ ва аъзои Ҳукумат (муовини Сарвазири ҷумҳурӣ)-ҳамаи ин далели беҳокимиятӣ, қонунпоймолкунӣ, фалаҷ шудан ва бетарафии сохторҳои давлатӣ маҳсуб мегардид.

Бо таҳдиду зӯроварӣ, зери мили силоҳ маҷбур сохтан ва гирифтани аризаи Президенти ба тарзи овоздиҳии умумихалқӣ интихобшуда – Раҳмон Набиев (6.09.1992) дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби ба истилоҳ “ҷавонони Душанбешаҳр”, ки дар асл силоҳбадастони ТЭТ ҲНИ буданд, нуқтаи олӣ ё ҳадди баланду ниҳоии қонуншикании гӯшношунид, бемисл ва билкулл фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.

Террор ва куштори як зумра ходимони сиёсию давлатӣ - Назаршо Назаршоев, Мунавваршоҳ Назриев, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, олимони намоён - Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, нависанда Сайф Раҳимов, журналистон Муродулло Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Владимир Никулин ва дигарон далели беҳокимиятӣ, афзудани ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа, давлат рӯйирост таҳдид намудани олами ҷиноӣ буд.

Бо фишору таҳдиди тазоҳуротчиёни майдони Шаҳидон зуд-зуд қабул кардани қарорҳои шитобкорона аз ҷониби Парлумони кишвар ва бекор кардани онҳо аз он дарак медод, ки мухолифини давлат ва Ҳукумати қонунӣ Парлумонро ба як саҳнаи сиёсатбозӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд.

Дар як муддати кӯтоҳ 2 Президенти қонунан интихобшуда (Қаҳҳор Махкамов, Раҳмон Набиев), 4 Раиси Шӯрои Олӣ ва дигар роҳбарони баландмақоми Ҳукумат бо роҳи фишору зӯроварӣ иваз карда шуданд, ки ҳамаи ин далели раднопазири бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои давлатдорӣ ва аз даст рафтани зимоми идоракунӣ аз ҷониби шахсони масъул ва олимансаби давлатӣ ба ҳисоб меравад[3,111].

Хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон, пароканда шудани миллати тоҷик аз фарзандони баору номус ва ватандӯст тақозо менамуд, ки барои аз ин вартаи ҳалокат баромадан чораву тадбирҳои ҷасурона ва заруриро андешанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва сароѓози таъмини ваҳдати миллӣ меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, бедодгарию ваҳшонияти гӯшношунид хотима гузошт ва ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон аз нав барқарор намуд[5,13-14]. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия эҳё ва аз нав таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ: Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорату Кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид. Ба таъбири дигар, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми таърихӣ тамоми масъулияти идоракунии кишварро ба уҳдаи хеш гирифта, дар навбати аввал барои муқаррар намудани дурнамои рушди Тоҷикистон тасмим гирифт. Бар ин асос, дар Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон”, “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани таѓйироту иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни Асосӣ)” қабул гардида, мутобиқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон гузошта шуд ва ҳамзамон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид[2,35-36]. Рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки омили аслии ба саҳифаҳои таърих ворид гардидани ин анҷумани сарнавиштсози миллат шуд, интихоби Сарвари давлат- Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳадяи бузурги таърих ба Тоҷикистон шуд, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат, пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ҳамин интихоб кафолат дод. Маҳз, ҳамин интихоби дурусти такя бар иродаи мардуми Тоҷикистон дошта буд, ки ба таъбири Пешвои миллат “Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ мисли симурѓи афсонавӣ аз байни хокистари сӯзони ҷанги шаҳрвандӣ қомат барафрохт ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид”.

Дар баробари ин, дар ҳамин Иҷлосия ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, ки кафили ҳимояи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу суббот ва оромиву амнияти ҷомеа мебошад, асос гузошта шуд. Аз минбари Иҷлосия Пешвои миллат зимни муроҷиати хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, дар пешорӯи таърих аслан арзише надорад”.

Бояд гуфт, ки аз Артиши собиқ Шӯравӣ ба Тоҷикистон чизе мерос намонд ва мо таъсиси Артиши миллии худро аз сифр дар ҷойи холӣ оғоз намудем. Аз сӯи дигар, саргами ҷанги шаҳрвандӣ шудани мардуми Тоҷикистонро истифода намуда, бархе аз қувваҳои дигари берунӣ барои аз кишвари мо баровардани техника ва дигар иқтидорҳои ҳарбии мавҷуда аз замони Шӯравӣ иқдом намуданд ва дар натиҷа, ин амр низ омил ба комилан бенасиб мондани кишвари мо аз мероси ҳарбии Шӯравӣ гардид. Дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат беш аз 13 ситоди гуруҳҳои мусаллаҳ амал мекарданд, ки аксари онҳо ба касе итоат наменамуданд. Таъсиси Артиши миллӣ аз ҳисоби ҷузъу томҳои Фронти халқӣ, ки ба хотири ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, оғоз гардид.

Ҳанӯз 17-уми сентябри соли 1992 Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида буд.

18-уми декабри соли 1992 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид, ки он заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. 17-уми феврали соли 1993 “Низомномаи тартиби қабули савганди ҳарбӣ” тасдиқ шуда, он фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, вазифа ва масъулияти онҳоро дар ҷараёни хизмат ба чорчӯбаи қонун даровард. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардида, он ҳамчун – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар саҳифаҳои таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон навишта шуд.

Маҳз тавассути тасмим ва талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазъияти мураккаби иқтисодии кишвар нигоҳ накарда, дар фурсати хеле кутоҳ Артиши миллии навтаъсис ба силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаву лавозимот дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд. Дар идомаи тасмими мазкур нерӯҳои сарҳадбонӣ низ таъсис дода шуда, дар мамлакат барои ҳифзи марзу буми кишвар тамоми шароит фароҳам гардид.

Имрӯз Артиши миллии мо таҳти ғамхорию дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон яке аз артишҳои муқтадир, бо лавозимоти муосири ҷангӣ мусаллаҳ буда, сипари боэътимоди ҳифзи истиқлолият, манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амният дар минтақа ва кишвари мо мебошад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва маҳз ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият буда, он роҳи интихобкардаи мардуми моро дар амри бунёди давлати навини тоҷикон муайян ва мушаххас намуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, ва ғоявии давлатдории моро муайян карда, он маҳсули афкору андеша, суннатҳои давлатдорӣ, қонунэҷодкунии мардуми тоҷик мебошад[5,45-46].

Дар таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳким, тағйиру иловаҳо ба он, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат хеле бузург аст. Масъалаи қабули Конститутсияи нав ҳамчун шахсутуни давлат дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба миён омада, барои таҳияи он беҳтарин мутахассисон-қонуншиносон, олимон, ҷалб карда шуда, таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам ба инобат гирифта шуд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйироту иловаҳо (26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ) ворид карда шуданд, ки ин раванди табиӣ мебошад. Зеро ҳамагуна қонун, аз ҷумла, Конститутсия чизи шахшудамонда ё догма нест ва он бояд тамоми таҳаввулот, дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд дар худ таҷассум созад. Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аз рӯи баҳои коршиносон ва ҳуқуқдонҳо яке аз беҳтарин Конститутсия дар байни дигар кишварҳо эътироф гардид, зеро дар он маҷмӯи низому талабот ва меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҷассум ёфтаанд.

Конститутсия дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, идоракунӣ, эҷоди қонунҳои нав, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши аз ҳама олӣ нақши калидӣ пайдо намуд ва ҳамин гуна ба унвони Қонуни асосии мамлакат низоми сиёсиву ҳуқуқии кишварро ба танзим дароварда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар Тоҷикистон кафолат дод.

Ташаккули институти парламентаризм ҳамчун яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дастоварди муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.

Парлумони Тоҷикистон дар оғози истиқлолият - Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 12-ум (1990-1995) ба давраи Шӯравӣ, яъне, замони дар ҳайати ИҶШС ворид будани ҶШС Тоҷикистон фаъолият дошта, он дар таҳкими институти парламентаризм нақши муайян бозид. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ аз даъвати якум (солҳои 1995-2000) номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва муайян намуда, онро ҳамчун институти муҳими давлатдорӣ такмил дод. Дар замони истиқлолият парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар таҷзияи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ-қонунгузор, иҷроия, судӣ ва дигар мақомоти идоракунӣ аз зинаи боло то поён мушаххас гардида, вазифа, ҳуқуқ, вазифа ва салоҳияти онҳо мушаххас гардиданд. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 1999 дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ (думаҷлисӣ) – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ замина гузошта шуд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Салоҳияти ҳарду маҷлисро моддаҳои 56-57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо, аз ҷумла, 25 аъзо ба таври мустақим дар Маҷлиси якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд, иборат аст. Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ намояндагони баробар доранд. 8 аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд. Инчунин ҳар Президенти собиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошанд, агар онҳо аз истифодаи чунин ҳаққу ҳуқуқ даст накашанд.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат буда, интихоб ба ҳайати он мустақим пинҳонӣ гузаронида мешавад ва 22 ҷой, яъне, 35% ҷойҳо ба намояндагони ҳизбҳои сиёсии ҷудокарда-шуда, ҳар ҳизби сиёсие, ки монеаи 5%-и боварии шумораи умумии интихобкунандагонро гузаронад дар парлумон ҷой хоҳад гирифт.

Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар корҳои идоракунии давлатӣ мебошад. Дар ҳайати Маҷлиси Олӣ, даъвати якум, солҳои 1995 – 2000 – 5 нафар занон, даъвати дуюм (2000-2005) – 10 нафар занон, даъвати сеюм 2005-2010-11 нафар, даъвати чорум 2010-2015 – 10 нафар, даъвати панҷум солҳои 2015-2020 – 11 нафар, даъвати шашум солҳои 2020-2025 – 14 нафар вакил интихоб шудаанд. Аз байни занони вакил Гулафзо Савриддинова, Шуҷоат Ҳасанова, Назира Ғаффорӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Дилрабо Мансурӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд[5,50]. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тадбири муҳими сиёсии баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар ҳамаи зинаҳои низоми давлатдории Тоҷикистон таъмин гардида, иқтидорҳои зеҳнии бонувони мамлакат барои пешрафти кишвар истифода мешаванд. Парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ташаккул ва рушди парламентаризм, эҷоди қонун ва таҳкими қонуният нақши хеле муҳим бозид.

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули парламентаризм бунёди давлати муосири тоҷикон хеле бузург аст, зеро зина ба зина Тоҷикистон дар заминаи татбиқи сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат муҳимтарин меъёрҳои ҷаҳонии низоми қонунгузориро татбиқ намуда, ба таъсиси парлумони касбӣ дар мамлакат роҳ кушод, ки он ба тамоми талаботи низоми сиёсати байналмилалӣ ҷавобгӯст. Ҳамакнун 20 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон низоми парлумони касбӣ ташаккул ёфта, Маҷлиси намояндагонии Тоҷикистон равобити хешро бо парлумонҳои кишварҳои олам тақвият мебахшад. Ҳоло Парлумони Тоҷикистон узви Иттиҳоди байнипарлумонии ҷаҳонӣ, Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ассотсиатсияи парлумонҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси исломӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (Авруосиё) мебошад ва бар асоси густариши ҳамкориҳо бо ниҳоду созмонҳои мазкур муносибатҳои хешро ба кишварҳои олам равнақ мебахшад. Нуфуз ва мақоми байналмилалии парламенти касбии Тоҷикистон маҳз маҳсули эътирофи сиёсати дарҳои кушоди кишвари мо дар муносибат ба давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки аз ѓояву андешаҳои созандаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, ин ҳама дастовардҳои низоми қонунгузории Тоҷикистон ва эътирофи он дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама нақши сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муқаррар мекунад.

Нақши бузург ва таърихии Пешвоимиллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти бунёдгузории давлати навин ва соҳибистиқлоли тоҷикон бо чанд далел метавон собит намуд:

Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Дар рӯзҳои аввалини фаъолият ба ҳайси роҳбари давлат дар назди Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкил ва сарнавиштсоз меистоданд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии кишвар буд. Қадамҳои нахустини Сардори давлат дар ин самт ва мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда шуд.

Дуюм, роҳ ба сӯйи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Дар оғози давлатсозии навини тоҷикон интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат масъалаҳои калидӣ буданд. Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсиро ташкил медоданд, ки он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд.

Дақиқ ва саҳеҳ муайян намудани роҳи рушди минбаъдаи давлат ва нияту ормонҳои халқ, ба ҳимояи манфиатҳои мардум равона сохтани ҳадафу мақсадҳои давлату Ҳукумат яке аз амалҳои таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Рамон буд.

Сеюм, таҳияи низоми нави ҳуқуқи миллӣ. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун появу таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозорӣ, тантанаи демократия, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амали созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад[5,52-54].

Дар пояи Конститутсияи мамлакат Парламенти кишвар ҳамчун коргоҳи қонун беш аз – 19 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс, 16 қонуни авф, 17 қонуни буҷет, 17 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 4 санади ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳоди Авроосиё, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор Қарорҳои Ҳукумат қабул шуд. Ин санадҳо тамоми самтҳои рушди ҳаёти ҷомеаро ба низом ва чорчӯбаи қонун дароварда, дар таҳкими низоми нави ҳуқуқи миллӣ саҳми бузург доштанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ хеле фаъолона ва босамарона истифода бурда, ташаббускори таҳия ва қабули бисёр қонунҳои нав, такмили қонунҳои амалкунанда мебошанд ва ба ин васила, дар ташаккул, таҳким ва рушди низоми нави қонунгузории кишвар саҳми арзанда доранд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат чандин қонунҳои нав аз ҷумла, ду қонуни миллӣ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардиданд, ки он бо арзиш ва аҳамияти худ назир надорад ва имрӯз баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намуна истифода бурда истодаанд.

Дар умум, таҳлилу баррасии раванди давлатсозӣ ва ташаккули давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳақиқат худ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки баъди гузаштани бештар аз ҳазор сол ба тоҷикон муяссар гардид, ки соҳиби давлати хеш гарданд. Аммо ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ ба осонӣ муяссар нагардид, зеро ҷанги шаҳрвандӣ монеаи ташаккули ин раванд гардида, ҳатто хатари адами давлати мазкур ва аз даст рафтани истиқлолияти миллӣ эҷод кард. Хушбахтона, ба бахти мардуми тоҷик сиёсатмадоре ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллати тоҷик гардид. Хиради сиёсӣ ва такя бар таҷрибаҳои таърихии давлатдории тоҷикон ба Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки хатари нобудии ҳастии миллати тоҷикро аз миён бурда, Тоҷикистонро ба унвони як давлати соҳибистиқлол ба харитаи сиёсии ҷаҳони муосир тавассути ташаббусҳои созандаи хеш ворид намояд. Дар тӯли 30 сол раванди давлатдорӣ ва давлатдории тоҷикон дар марҳилаи нави таърихӣ хеле такмил ва ташаккул ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки ин маҳз ҷараёни бузурги сиёсӣ маҳсули хирад, андеша ва тадбиру сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ