​Пешвои миллат – кафили сулҳу ваҳдат

Дар факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Пешвои миллат – кафили сулҳу ваҳдат” бо иштроки донишҷӯёни гурӯҳи 322 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доир ба фаъолияти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон видеонавор намоиш дода шуд. Сипас, донишҷӯ Анварҷон Фарангис дар васфи Пешвои миллат шеър қироат намуда, ҳамзамон, донишҷӯён оиди асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дар идома навор оид ба асари “Забони миллат – ҳастии миллат” намоиш дода шуд, ки хеле муассир буд. Дар мизи гирд гуфторҳои Пешвои миллат доир ба фаъолияти ҷавонон дар самти сиёсат, фарҳанг, маданият ва соҳаҳои дигари ҳаётан муҳимми ҷомеа аз тарафи донишҷӯён мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки ҷавононро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбору мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд. Зеро дар китобҳои арзишманди Сарвари давлат таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик, соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистони навин маълумотҳои асосноку арзишманд манзур карда шудааст. Ин осори мондагор барои худшиносиву худогоҳӣ миллӣ ҷавонон муҳим арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ