ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИМОЯТГАРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Сиву чор сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омадани шахсияте ба саҳнаи таърих тасодуф омад, ки дар саропои вуҷудашон ва андешаи созандаашон муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ доранд. Дар тули ин солиён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун шахси донову хирадманд дар се самти фаъолият: ҳамчун Сарвари давлат, Пешвои миллат ва Арбоби сиёсати ҷаҳонӣ ба таври шоиста нишон доданд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин ба шумор мераванд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор медиҳанд.

Доир ба як самти сиёсати фарҳангии Президенти кишвар, яъне бузургдошти забони тоҷикӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ як‐ду нуктаро ёдовар шуданиям. Сарвари давлати тоҷикон ҳам дар Паёми ҳарсолаи хеш, ҳам зимни суханронӣ дар иди Рӯзи забони давлатӣ ва ҳам дар вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа дар радифи масоили дигар ба таври алоҳида роҷеъ ба вазъи забони модарии мо андешаронӣ карда, бурду бохти соҳибзабононро дар масъалаи истифодаи мавридшиносонаи ҳар як калима таъкид менамоянд. Дар Паёми дар таърихи 26‐уми декабри соли 2018‐ум ироакарда низ Президенти кишвар изҳор намуда буданд, ки «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

Маҳз бо талошҳои ин абармарди сиёсату хирад забони миллии мо дар ҷомеа вусъати азим пайдо кард, ҳуқуқҳои поймолшудаи он барқарор шуд, барои нашъунамо ва ривоҷи забони модарӣ обу ҳавои муносиби сиёсиву маъмурӣ ва маънавӣ муҳайё гардид. Маҳз ҳамин ғамхориҳои муҳаббатомези Пешвои миллат буд, ки забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати урфӣ берун омад ва он аз ҷаласаву маҳфилҳои ватанӣ сар карда, то анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Хушбахтона, ин забон танҳо пас аз соҳибистиқлол гардидани халқи тоҷик, ки баъди ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аздастдода ва поймолшудаи худро соҳибӣ намуд, аз нав неру гирифт, ба хонандаи тоҷик имкони бештаре фароҳам омад, ки зиндагиномаи забони худро бештар омӯзад, аз ҳама шебу фарози он дар ҷараёни зиндагии мардуми тоҷик огоҳии комил дошта бошад. Маҳз кӯшишу талоши пайвастаи Пешвои миллати Эмомалӣ Раҳмон буд, ки забони адабии муосири тоҷикӣ он ҳама шукӯҳу шаҳомати дар даврони классикӣ доштаашро аз нав ба даст орад.

Ниҳоят, баҳри мусоидати татбиқи Қонуни забон дар ҷомеа метавон чунин заминаҳоро фароҳам овард:

1. Омӯзиши забони тоҷикиро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо неру бахшида, барои бунёди воқеии мақоми он аз тамоми омилҳо истифода бурд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки омӯхтани забони ғайр дар сурате босамар хоҳад буд, ки забони омӯхташаванда дар ҳамбастагӣ ва қиёс бо забони модарӣ сурат гирад. Модом ки талаботи қатъӣ чунин аст, бояд аввал аз табиату нозукиҳои забони худ бархурдор шуда, пас барои омӯхтани забонҳои ғайр камар баст. Яъне, мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ на камтар аз забонҳои бегона бошад.

2. Ҳуҷҷатнигорӣ бояд мутобиқ ба табиати забони тоҷикӣ сурат гирифта, он аз меъёрҳои санадсозии аслии тоҷикӣ бархурдор бошад. Шахсони масъули ҳуҷҷатнигор аз дастурҳо ва луғатномаҳои тахассусии пешниҳодкардаи мутахассисони соҳа огоҳии саривақтӣ доштанашон амри зарурист.

3. Шахсони масъуле, ки дар назорат ва татбиқи Қонуни забон вазифадор шудаанд, бояд бо камоли масъулиятшиносӣ ин вазифаи пуршарафонаи худро анҷом диҳанд.

Итминон дорем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009 таҳти №553) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (30-юми июни соли 2021 таҳти №268), ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, муҷиби оғози марҳилаи тозаи рушду равнақи забони модарии мо хоҳад шуд.

Зоҳид Қӯрғонов,

доктори илмҳои филология,

профессори кафедраи забони тоҷикии

Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ