​Пешвои миллат - ифтихори мо

Таҳти ин унвон дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 401-и кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Худойбердиева чорабинӣ гузаронида шуд.

Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Чорабинӣ бо иҷрои Суруди миллӣ ба таври зинда оғоз гардид. Дар доираи он доир ба дастовардҳои 30 соли истиқлол ва заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён доир ба асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи муаррифинома иттилоъ пешниҳод намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинии мазкур донишҷӯён рақсу суруд, саҳначаҳо иҷро намуданд.

Суруди гуруҳӣ бо номи "Тоҷикистон – саодати ягона" дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.


Дурахшон Ҳомидҷонова,

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ