​Пешвои миллат-ифтихори ҳамагон

Дар факултети забонҳои хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

Донишҷӯён оид ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, асарҳоипурғановати Роҳбари давлат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Уфуқҳои истиқлол»,«Ҷавонон ояндаи миллат»,«Забони миллат – ҳастии миллат», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» -ро муаррифӣ намуданд.

Бо табодули афкор миёни донишҷӯён мизи мудаввар ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ