Пешвои миллат – ҳадяи бенази таърих
Дирӯз дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Пешвои миллат –ҳадяи таърих ба тоҷикон” ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ мактаби сиёсатмадориву давлатдории Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон обруву нуфузу Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, раванди бомароми созандагиву ободинӣ дар кишвар идома дорад.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо дар мавзӯи “Иҷлосия ва сулҳи деринтизори тоҷик” ва “Пешвои миллат – бунёдгузори ваҳдати миллӣ” ироа гардид. Ҳамчунин композитсияи адабӣ, рақс, гуфтор ва иқтибосҳо дар васфи Иҷлосияи тақдирсоз ва корнамоиҳои Пешвои миллат қироат карда шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил