Пешвои хирадсолор
Ҳақиқати замонаҳо ва таҷрибаи рўзгорон собит намудааст, ки хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ ҳамеша инсонро ба пешгоҳи орзуҳо мебарорад, мақоми фардии ўро волотар ва шукўҳу азамати рўҳонияшро афзун мегардонад. Барои такомули маънавии одамӣ баробари шарофати донишу маърифат ва истеъдоду маҳорати ҷибиллӣ, пеш аз ҳама, волидони покизаву соҳибэҳтиром, некхоҳу некбин, меҳнаткашу заҳматқарин, инчунин, муҳити созгори оилавӣ, фазои хуби иҷтимоӣ, устодону омўзгорони доно ва вусъати мутолиаю омўзиш басо зарур аст. Агар ин фазилатҳоро дар муносибат ба шахсияти арзандаву сутудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди қиёсу мушоҳида қарор диҳем, маълум мешавад, ки ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муҳити воқеан маънавибунёд зода ва ба камол расидааст. Ин гуфтаро мазмуну муҳтавои осор ва мақолаҳое, ки дар бораи Пешвои маҳбуби халқу миллати тоҷик навишта ва ба табъ расидаанд, собит менамоянд.
Аз ин рў, дар остонаи ҷашни 70-солагӣ ва фосилаи 30-соли давлатдории Президенти мамлакат саҳфа гардонидани корномаҳои омўзанда ва пайкорҳои барҷаставу бузурги ин нобиғаи олами сиёсат дар бозтоби аслу наҷобати вориси ҳақиқии Зардушти паёмбар, Куруши ҷаҳонгир, Анушервони одил, Бузургмеҳри ҳаким, Абўмуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонии лашкаршикан, Темурмалики номдор, Восеи диловар ва ҳазорон-ҳазор бузургмардони Ватан тадбири ибратомўз хоҳад буд.
Бунёдгузори Тоҷикистони навин, Қаҳрамони Тоҷикистон, созандаи модели нотакрори сулҳи тоҷикон, муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз овони хурдӣ ҳам ба илму дониш ва ҳам ба кори саҳро ҳамчун фарзанди барзгар амиқ рағбат пайдо намуда, дар дабистони зодгоҳ бо баҳои аъло таҳсил намудааст. Кўдаки дўстрўву хушахлоқ, навраси рўгарму донову боадаб ва ҷавонмарди боақлу босипос Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо падару модар, балки ҳамсинфону муаллимон ва ҳамдеҳагон дўст медоштанду дар симояш, дар румузфаҳмиҳояш як шахсияти дар оянда машҳуру номдорро тасаввур мекарданд. Агар падари ғамхори хонадон шабу рўз ба кори саҳро шуғл варзида, пайи таъмини маишати хонавода буд, модари меҳрубон лаҳзае нигоҳҳои пурмеҳрашро аз писари азизаш дур намекард, хоҳарону бародарон шукри буданаш мекарданд.
Ҳамин фазои солими иҷтимоӣ Эмомалӣ Раҳмони тозаҷавонро дар синни 17-солагӣ ба майдони меҳнат овард. Мавсуф фаъолияти хешро соли 1969, баъд аз хатми Омўзишгоҳи касбҳои техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло шаҳри Левакант), дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қўрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ба ҳайси устои барқ оғоз кард.
Бо амри тақдир ва даъвати виҷдон солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуда, ба зодгоҳи худ баргашта, дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро идома бахшид.
Меҳри илму дониш ва майли доимӣ ба ҷустуҷўҳои судманд Сарвари ояндаи Тоҷикистонро ба факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард, ки ў соли 1982 ин боргоҳи илму донишро хатм намуд.
Ҳамкорону ҳампешагон ва дўстону пайвандон ба равшанӣ дарк менамуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти меҳварӣ буда, дар атрофи худ ҷомеаҳои меҳнатиро муттаҳид карда метавонад ва аз уҳдаи ҳалли мушкилоти кормандон мебарояд. Аз ин хотир, ўро солҳои 1976-1987 котиби раёсат ва сипас раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара интихоб карданд, ки доимо мададгору раҳнамояшон бошад. Бояд ёдовар шуд, ки дар замони шўравӣ иттифоқи касаба имкониятҳои зиёд дошт ва ин ниҳоди иҷтимоӣ метавонист, ки аксари мушкилоти ҷомеаҳои меҳнатиро бартараф созад. Вазифаи асосии ин ташкилот таъмини адолати иҷтимоӣ дар байни кормандон буд. Ин вазифа ҳам то ҷое дар такомули шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таъсир гузошт, зеро дар асоси муомилаву муносибатҳо аслу воқеияти зиндагии ҳамкорон маълум мегардид. Метавон гуфт, ки ҳамин масъулият ва меҳрубонӣ ба халқ барои роҳ ёфтан ба зинаҳои минбаъдаи кори роҳбарӣ мусоидат намуданд. Ба ҷавони дурандешу адолатпеша Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки бо амалҳои нек ва тадбирҳои шоиста худро ба тамоми зинаҳои болоии ҳокимияти замон муаррифӣ созад.
Аз ин рў, роҳбарияти давлатию ҳизбӣ маҳорати созмондеҳии ўро ба инобат гирифта, соли 1987 ўро дар 35-солагӣ роҳбари хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара таъин карданд, ки дар ин вазифа то рўзҳои вазнини соли 1992 бурдборона фаъолият намуд.
Ҳосили қариниву наздикӣ бо халқ ва шунидани розҳои аҳли меҳнат соли 1990 Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун вакили мардумӣ ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид сохт. Баъди шиддат гирифтани мушкилоти сиёсӣ, авзои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ тирамоҳи соли 1992 Шўрои вакилони вилояти Кўлоб бо умед ин чеҳраи сиёсиро Раиси Кумитаи иҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти мазкур интихоб карданд.
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва фавран пешгирӣ намудани домани ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ бинобар набудани оромӣ дар пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рўзҳои 16 ноябр-2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев Иҷлосияи XVI (даъвати ХII) Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аввалин хишти сулҳи тоҷикон гузошта шуд. 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия намояндагони халқ родмарди Ватан, писари далеру ҳушманди миллатро Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Аз ҳамин сана аввалин сабзаҳои орзу дар дили мардум сар кашиданд, нахустин ғунчаҳои умед шукуфон шуданд ва саҳифаи аввали китоби ихлосу иродат ба сарзамини поки аҷдодӣ боз гардид. Сокинони мамлакат ҳамарўза шоҳиди он буданд, ки Роҳбари 40-сола ҳамеша пайи тадбирҳои нек аст, ба манотиқи гуногуни кишвар сафар мекунад, аз аҳволи халқ огоҳ мешаванд ва мардумро иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват месозад. Тавассути рўзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион доимо даъват ба амал меоварад, ки фирориёну муҳоҷирон ба Ватани аҷдодӣ баргарданд, аз касеву чизе натарсанд, биёянду хонаву рўзгори хешро соҳибӣ намоянд. Мо ҳамагон шоҳиди он будем, ки дар ҳақиқат дар дили халқ тухми боварӣ киштан басо душвор аст. Хусусан, дар замоне, ки нерўҳои носолим ба аҳолӣ бидуни ягон қайду расмиёт силоҳ паҳн кардаанду дар маҳалҳои ҷангзада қариб ҳар як хонадон ба ҳар роҳе яроқ ба даст овардааст. Таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии ниёзи аввал, ба кор даровардани корхонаҳо, барқарор намудани алоқа байни вилоятҳо, дубора ба пойтахт ҷалб намудани нерўҳои фикриву илмӣ, ташкили Қувваҳои мусаллаҳ, таҳкими низоми қонуният, вусъати ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷустани роҳҳову василаҳои ҳамвору судманди Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳо дар сархатти фаъолиятҳои давлатдории Раиси Шўрои Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Бо мақсади волоияти қонун ва устувор намудани аркони давлатдорӣ дар заминаи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ Сарвари давлат зарурати қабули Конститутсияи мамлакатро бо раъйпурсии умумихалқӣ ба миён гузошт, мардумро ба таҳияву таҳрир ва интихоби Қонуни асосии кишвардорӣ даъват намуд. Ба хотири он ки дар айёми буҳронӣ, бахусус, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ мардумро зиёд ба чорабиниҳои сиёсӣ машғул насозад, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як рўз – 6 ноябри соли 1994 муайян намуданд. Ҷомеаи Тоҷикистон дарёфт, ки дар муддати ду соли роҳбарӣ фарзанди ҷоннисори миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шабу рўз барои амну оромӣ, таъмини сулҳу субот ва таъмини зиндагонии шоиста талош менамояд ва, ҳатто, барои ба даст овардани сулҳ душманони халқро батакрор афв менамояд, Президенти мардумии худро интихоб намуд. Ин тасмим минбаъд барои таҷзияи ҳокимият ба се шоха-қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин ба таъсиси парламенти касбии дупалатагӣ роҳ кушод.
Ҳамин тавр, ниҳоли меҳру ихлоси халқ бор овард ва дар интихоботи минбаъда дар солҳои 1999, 2006, 2013 ва 2020 тоҷикистониён сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари худ шинохтанд ва бо самимияту меҳрубонӣ хоҳанд шинохт.
Хидматҳои шоёни Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурўҳбандӣ намуда, шарҳу тавзеҳ додан кори саҳлу сода нест, зеро аз кишвари ҷангзада, аз мардуми дар давлатҳои дуру наздик пароканда, аз иқтисодиёти фалаҷгашта, аз низоми ҳокимияти сиёсии мутлақо аз байнрафта, аз инфрасохтори шикаставу абгор ва аз дигар механизмҳои корношоями давлатдорӣ барпо кардани як мамлакати воҳид ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибэътибор дар зоти худ як навъ муъҷизаи Илоҳист, ки дар заминаи иттиҳоди халқ, дастгириву истиқбол аз сиёсати дурусту фардонигар ва азму нияти поки ҷаҳонсолор Эмомалӣ Раҳмон ҳаст шудааст.
Аввалин қадамҳои пурҷасорати Сарвари кишвар:
– хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон байни солҳои 1992-1997 рухдода, ки ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар расонид;
– ба Ватан баргардонидани зиёда аз 1 миллион гуреза аз кишварҳои гуногуни минтақа, бахусус, аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон;
– аз рўзгори даҳшатбор раҳоӣ бахшидан ва ба як сарзамини воҳид табдил додани Тоҷикистони ҷангзада;
– барқарор кардани робита байни минтақаҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ;
– ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бекорхобида;
– дубора ба кор андохтани корхонаҳои хурду бузург;
– ташкили робита бо кишварҳои хориҷии дуру наздик;
– ба созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ дохил шудани ҷумҳурӣ;
– таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, пули миллӣ, шиносномаи миллӣ;
– ниҳоят, ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав.
Аз ташаббусҳои дигари дурбинонаи Роҳбари давлат, ки аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии ҶТ оғоз ёфт, эълони се ҳадафи стратегии мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминасози мебошад, ки дар таъмини рушди босуботи ҷомеа муаррифӣ намудани ин сиёсатмадори соҳибмактаб нақши муассир гузошт. Бо гузашти солҳо ва гуфтан мумкин аст, ки дар фосилаи начандон тулонии таърихӣ мо шоҳиди он гардидем, ки се ҳадафи аслии дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди амал қарор гирифта, кишвари мо тавассути бунёди хати баландшиддати Ҷануб- Шимол пурра вобастагии энергетики раҳо ёфта, ба воситаи сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Чормағзак, Шар-Шар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба пуррагӣ раҳо ёфта, ба кишвари аз назари ҷуғрофӣ воҳид табдил ёфт.Самараи ин талошу пайкор ва расидан ба чунин ҳадафҳои бузург ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод бахшид, ки бо ҷасорат ва итминони бузург ба нерўи халқи азизи хеш санаи 26 декабри соли 2019 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳадафҳои чоруми стратегии мамлакат- саноатикунони мамлакатро эълон намуданд. Бар асоси эълони ин ҳадафи бузург солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон гардид. Пайкорҳои дурнигаронаи Пешвои миллат роҳе равшану пайдоро барои кишвари мо муқаррар намуданд, зеро пайгирии ҳадафи чорум аз ғову андешаҳои аз қабл тарҳрезишуда сарчашма мегирифтанд, зеро ҳанўз соли 2017 вақте ки дар Паёми хеш соли 2018 – ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, таъкид доштанд, ки ҳадафи мо табдили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба кишвари саноатӣ -аграрӣ аст ва дар фосилаи начандон тулонӣ ин ғояи барҷастаи сиёсӣ ба воқеият табдил ёфт. Танҳо ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо бештар аз 300 корхонаҳои саноатии хурду бузург cохта ва ба истифода дода шуда, барномаҳои бузурги созандагӣ дар ин ҷода ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли миллӣ идома доранд.
Эёҳ намудани гузаштаи пурифтихор ва ёдоварӣ аз санаҳои муҳимми таърихӣ, ки боиси худшиносиву худогоҳии наслҳо мегарданд, аз шумори ибтикороти Президенти кишваранд. Дар ин радиф метавон аз таҷлили 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994) 1100-солагии давлати Сомониён (1999), Ҳазораи Носири Хусрав (2000), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 2700-солагии китоби «Авасто» (2003), 2700-солагии шаҳри Кўлоб (2006), 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (2007), 1150 солагии устод Рўдакӣ (2008), 1310 солагии пешвои мазҳабии мо Имом Абуҳанифа (2009), 3000-солагии шаҳри бостонии Ҳисор (2015), 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (2015), 5500-солагии Саразм (2020), 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва дигар санаҳои таърихӣ ёд кард, ки боиси баланд гардидани дараҷаи худшиносиву худогоҳии наслҳо гардиданд. Дар доираи ин ҷашнвораҳои бузург эълон гардидани солҳои тамаддуни ориёӣ (2006), Мавлонои Балхӣ (2007), забони тоҷикӣ (2008), Имоми Аъзам (2009), маориф ва фарҳанги техникӣ (2010). Соли ҷавонон (2017), солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳо табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ (2020-2040) низ дар амри таҳкими худшиносии миллӣ ва худогоҳии маънавӣ, болоравии сатҳи маърифати ҷомеа нақши муассир ва созанда гузошта меоянд.
Дар пешгоҳи низоми давлатдорӣ баровардани мактабу маориф намунаи тобони саъю кўшишҳои Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати равнақи соҳа ва тарбияи наслҳои ҳушманду хирадманд аст. Ба ин мақсад эълони солҳои ҷудогона, ки қаблан низ ба бархе аз онҳо ишорат шуд, ҳамчун як марҳилаи сабқату ибратомўзӣ пеш аз ҳама бо пайванд ба соҳаи маориф аз сар гирифта шуданд. Намунаи чунин тадбирҷўиҳои эълони «Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» (2006), «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (2010), «Соли ҷавонон» (2017), «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Солҳои рушди саноат» (2022-2026) ва дигар тасмимҳои ҷиддӣ мебошанд, ки барои камолоти фикриву ақлонии наслҳои рў ба камол нигаронида шудаанд.
Бо итминон метавон афзуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат раванди фаъолияти муассисаҳои илму маориф куллан тағйир ёфта, дастовардҳои назаррас ҳосил шуданд. Бунёди кўдакистонҳову дабистонҳо, мактабҳои Президентӣ, мактабҳо барои хонандагони болаёқат, интернатҳо, хонаҳои кўдакон, ташкили донишкадаву донишгоҳҳои замонавӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таълим, бунёди пажўҳишгоҳҳои тадқиқотӣ ва ба дар Академияи миллӣ табдил додани Академияи илмҳои кишвар, ташкили ихтисосҳои замонавӣ дар муассисаҳои олии таҳсилоти касбӣ, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғамхориву назорати доимӣ фаро гирифтани ятимон, таъсиси квота ва стипендияи Президентӣ, ташкили Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои ҷавонон, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодон ва омўзгорон дар риштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва дигар тадбирҳо самараи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари хирадманди мамлакати мост.
Ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илмомўзӣ, пешбурди санъати миллӣ, оммавигардонии мутолиаи китоб, такмили дониши мутахассисон аз ҷумлаи ибтикороти Президенти мамлакат аст. Бо гузашти солҳо таваҷҷуҳи намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фурўғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», сабқатҳои «Омўзгори сол», «Мураббии сол», «Мутахассиси сол» ва дигар озмунҳо фузун гашта, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Ҳамакнун, шурўъ аз соли 2023 дар саросари кишвар озмуни навбатии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” аз рўи китоби шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров, ки онро худи Пешвои миллат“сарчашмаи худшиносии миллӣ” унвон намудаанд, баргузор мегардад. Ин озмун дар баробари он ки бо ҳадафи мусоидат дар ташаккули тафаккур ва худшиносии миллии ҷомеа аз сар гирифта мешавад, иқдомест, ки бо такя бар тадбири наҷиби Пешвои миллат дар мавриди ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намудани китоби “Тоҷикон” пайгирӣ мегардад. Ҷараёни озмун нишон хоҳад дод, ки то чӣ андоза қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ин асари безаволро мутолеа намудаву аз он баҳраманд гардиданд. Ёдоварӣ ба маврид аст, ки қабл аз ин дар соли бузургдошти Имоми Аъзам аз ҷониби Пешвои миллат ба тамоми хонадони мардуми кишвари мо китоби муқаддаси “Қуръон” тақдим шуда буд, ки дар амри болоравии маърифати динии мардум ва пешгирӣ аз шомилшавии наслҳои мухталиф ба ҳизбу ҳаракатҳои динии ифротӣ нақши муассир гузошт.
Ҳамин тавр, дар дарозои 31 соли истиқлоли миллӣ низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ ҳамаҷиҳат ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Дақиқтарин маълумотро оид ба рушди маориф ва таҳкими инфрасохтори он Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 21-уми декабри соли 2021 иброз доштанд:
«Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷўён сеюним баробар зиёд мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд».
Ин далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати ояндабинонаи Президенти кишвар ҳамеша дар ҳоли ташаккул қарор гирифта, муҳимтарин низом ва тамоюлҳои маорифи ҷаҳонӣ дар низоми таҳсилоти кищвари мо татбиқ гардидаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон чун кишварҳои пешқадами ҷаҳон низоми таҳсилоти сезинагӣ дар таҳсилоти олӣ қабул шудааст, ки дар заминаи он барномаҳои пешқадами соҳаи маориф ба мавқеи иҷро гузошта шудаанд.
Мо аз он сарбаландем, ки маҳз бо эҳтимоми созандаи Президенти кишварамон намунаҳои санъати миллӣ, ҷашнҳову арзишҳои ниёгони тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ба феҳристи созмони бонуфузи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мегарданд. Дар ин шумор метавон аз мақоми ҷаҳонӣ ба даст овардани Наврўзи Аҷам, ҳамчун мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ пазируфта шудани «Шашмақом», «Фалак», ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ шомил шудани «Чакан» ҳамчун ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ ворид шудани «Оши палав») ва дигар арзишҳои миллӣ ёдрас шуд. Бо мақсади таҷдиди дониши таърихии имрўзиёну фардоиён Президенти кишвар баробари дигар суннатҳои дерина иду ҷашнҳои Сада, Наврўз, Тиргон ва Меҳргонро аз нав зинда намуда, ба тақвими ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ворид карданд.
Мо, тоҷикистониён дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи вориси асили ниёгон ва тарғибгари ҳақиқии тамаддуни миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти бесобиқаи фарҳанг ноил гардидем. Бунёди бинои замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, идомаи сохтмони Театри миллии Тоҷикистон,бунёди қасрҳои фарҳангӣ, театрҳо, китобхонаҳо, кохҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва садҳо иншооти санъату ҳунар ҳама маҷмуи тозакориҳову тозаандешиҳои Сарвари давлати тоҷикон мебошанд.
Дар идомаи ин тадбирҳои барозандаи фарҳансолорона Пешвои миллат бо таълифи чанд китоби арзишманде низ иқдом намуданд, ки ҳамагӣ барои ҷомеаи мо дарсҳое аз худшиносии миллӣ сабақҳои маорифпарварӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, зарурати инқилоби фарҳангӣ ва аз ин роҳ ҷустуҷўҳои равишҳои матлуби таҳкими истиқлоли маънавӣ медиҳанд. Таълиф ва нашри китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» дар чаҳор ҷилд, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Имоми аъзам: нигоҳе ба рўзгор ва осор», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат- ҳастии миллат» дар ду ҷилд аз сўи Сарвари Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон дар шумори муҳимтарин ташаббусҳои наҷибу раҳнамоянда дар роҳи суръатбахшии инқилоби маънавӣ дар ҷомеаи кишвар шинохта шуда, барномаҳои бузургеро барои эҷоди асарҳои арзишман пажўҳишҳои пурбор дар роҳи шинохти таърихи миллат, маърифати сарватҳои зеҳнии тоҷикон дар масири таърих, нақши чеҳраҳои мондагори миллии мо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ва муколамаи фарҳангҳо, хидматҳои бузурги забони тоҷикӣ дар таърихи башарият ҳидоятгарӣ мекунанд.
Дар сиёсати Роҳбари давлат саломатии ҷомеа ҳамчун сарвати бебаҳо ва заминаи ҳифзи генофонди миллат арзиши воло дорад. Бо мақсади тарбияи наслҳои солим бо ташаббуси Президенти мамлакат дар ҷумҳурӣ сохтмони иншооти тандурустӣ ба авҷи аълои худ расид. Инро дар мисоли бунёди маҷмааҳои бузурги тандурустӣ, марказҳои ташхисию табобатӣ, бунёди беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони осоишгоҳҳо ва азнавсозии онҳо метавон қаламдод кард. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба ғайр аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, инчунин Донишгоҳии давлатии тиббии Хатлон ва Донишкадаи ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият дорад. Имрўз дар ҷумҳурӣ 32 коллеҷҳои давлатию хусусии тиббӣ амал менамояд, ки ин муассисаҳо барои беморхонаҳо ва муассисаҳои тандурустӣ мутахассис омода месозанд.
Барои ба сарзамини воҳид табдил додани Тоҷикистон бо заҳматҳои шабонарўзии Президенти бунёдкори халқ роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо сохта шуданд, ки роҳҳои мошингарди Шоҳон - Зиғар, Шкев - Зиғар ва Кўлоб – Дарвоз, Душанбе - Кўлоб - Хоруғ -Қулма –Қароқорум то сарҳади Чин, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Бохтар, Кўлоб-Мўъминобод, роҳҳои оҳанги Кўлоб-Қўрғонтеппа, Душанбе –Ёвон, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Чормағзак» далели қотеи ин гуфтаҳоянд.
Бо ҳиммати баланди Роҳбари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ нерўгоҳҳои барқи обии нав сохта шуда, чанде аз онҳо азнавсозӣ гардиданд. Дар китоби таърихи энергетикаи тоҷик бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон Нерўгоҳи барқи обииСангтўда-1, Нерўгоҳи барқи обииСангтўда-2, Нерўгоҳи барқи обииПомир-1, Нерўгоҳи барқи обии Роғун бобҳои нав ба шумор мераванд.Таъмири Нерўгоҳи барқи обии Норак ва Нерўгоҳи барқи обии Қайроқум намунаҳо аз ин корномаҳои фардосох мебошанд.
Татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат боис гардида истодааст, ки дар мамлакат корхонаҳои азими саноатӣ ва корхонаҳои муштарак сохта шуда, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ афзун гардида, коркарди ниҳоӣ кардани маъданҳо дар Тоҷикистон сурат гирад ва ҷойҳои нави корӣ ташкил ёбад.
Шоистаи таъкид аст, ки нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ва чор ташаббуси бузурги Президент – «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардидани соли 2003, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пазируфта шудани солҳои 2005-2015 ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» қабул шудани солҳои 2018-2028 робитаи устувор дорад.
Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ аз истеҳсолу истифодаи энергияи сабз, ҳифзи муҳити зист, пиряхҳо, пешгирӣ аз вайроншавии иқлим, мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, терроризм, экстремизм, радикализм, хатарҳои глобализатсия ва дигар муаммоҳо хатаровар ба инсоният сухан гуфта, пешниҳодҳои омўзандаи худро иброз доштаанд. Соли 2021 дар қароргоҳи ЮНЕСКО Рӯзҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин тадбири муҳим барои тарғиби фарҳанги миллии мо дар саросари олам нақши муҳим ва муассир гузошт. Ҳамзамон, дар Осорхонаимиллии санъатитасвирии Осиё «Гиме»-и Фаронса) намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор шуд, ки дар маросими он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин намоишгоҳ Дар намоишгоҳ 210 экспонат гузошта шуд, ки аз он 136 ададашро экспонатҳои осорхонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 74 адади онро экспонатҳои фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ташкил додаанд ва онҳо таҷассумгари мероси таърихии миллии мо аз ҳазорсолаиIV-ипеш аз мелод оғоз гардида, то баасриX ба шумор мераванд. Баргузории ин намоишгоҳи бонуфуз низ дар амри муаррифии дастовардҳои таърихии кишвари мо дар саросари олам нақши муҳим ва муассир гузошт.
Бо ташаббуси Президенти кишвар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе борҳо мизбони чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсу саммитҳо ва дигар маҳфилҳои байналмилалӣ гардида, ин шаҳри ҷавон обрўи тоҷикистониён ва нишонаҳои тобноки ободкориву эҷодкориҳои мардуми моро ба оламиён рўнамо сохтааст. Ин боғшаҳр бо роҳбарии Раиси бунёдкору созандаи он, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарсабзу хуррам гардида, дар он ҳамасола боғҳои фарҳангию фароғатии нав, биноҳои истиқоматии замонавӣ, коргоҳҳои саноатӣ, кўдакистонҳову мактабҳо, майдонҳои варзишӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта мешаванд. Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритианияи Кабир номбар карда шудааст. Пойтахти тахту бахти тоҷикон мақоми волои «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро низ ба даст овардааст.
Мардуми сарбаланду намакшинос ва сипосгузори тоҷик ба хотири ҷоннисориҳову худафрўзиҳои Сарвари хеш дар бунёди давлати навини Тоҷикистон ўро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор донистанд. Ин муҳаббатномаи ҷовидонӣ номаи меҳр бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» 9-уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қабули ин санад аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани қадршиносии самимонаи халқи Тоҷикистон аз корномаҳои сарнавиштсози Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дараҷаи волои шукру сипос, ифтихору сарбаландӣ ва ниҳояти ихлосу иродати мардуми нектолеи тоҷик аз фарзанди сулҳофару адолатшиор ва родмарди дар ҷаҳон машҳури худ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо аз он меболем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нахуст халқи тоҷик, пасон сарварони сиёсии олам, роҳбарони давлатҳо, созмону ташкилотҳои бонуфузии байналмилалӣ, институтҳои илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳои машҳур бо унвонҳову ҷоизаҳо қадр кардаанд.
Аз ин рў, бо мақсади ба хонандагони ин мақола боз ҳам равшантар шудани меҳрномаи мазкур якчанд аз ин унвону ҷоизаҳоро хотирнишон месозам: Қаҳрамони Тоҷикистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Туркия, Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон,Доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, Дорандаи калиди рамзи тиллои шаҳри Уммон ва унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Уммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, Ҷоизаи олии ҷамъияти Бунёди байналмилалии хайриявии «Сарпарастони аср», Медали «60-солагии ЮНЕСКО», Медали тиллои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО, Медали тиллои давлати Миср, Медали тиллои Кумитаи олимпии Чин, Медали тиллои Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳу ризояти байни халқҳо», Медали тиллоии ҷашнӣ ба номи Абўалӣ ибни Сино, Медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоят, Мукофоти байналмилалии Пётри Кабир, Мукофоти давлатии Баҳрайн «Ал-Қилод ал-Халифӣ» (ордени подшоҳӣ), Мукофоти давлатии Қувайт ордени «Муборак-ал-Кабир», Мукофоти олии Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия–Медали тиллои ба номи Николай Блохин, Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Ордени «Эл Юрт Ҳурмати», Мукофоти олии давлатии Озорбойҷон-ордени «Ҳайдар Алиев», Мукофоти олии давлатии Украина-орден «Барои хизматҳо» дараҷаи аввал, Мукофоти олии давлатӣ-Нишони Покистон, Мукофоти олии Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Россия –Медали тилло, Мукофоти олии Федератсияи Россия-Ордени «Александр Невский», Мукофоти сулҳи СММ, Нишони рамзидани 5-умин камарбанди сиёҳи Карате-до, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ордени «3-Ситораи дараҷаи 1» бо занҷираи заррини Латвия, Ордени «Достиқ» дараҷаи аввал, Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон–Аҳмадшоҳи Масъуд», Ордени «Княз Ярослави Ҳаким» дараҷаи 1-и Украина, Ордени «Ҳилол ва ситора» (Кумитаи байналмилалии мубориза бо терроризм, маводи мухадир ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY», Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора», Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст», Ордени Президенти Туркманистон «Битараплик» (Бетарафӣ), Ордени тиллои Эҳёи Роҳи Абрешим, Ордени Шўрои олимпии Осиё, Пешвои асри ХХI (Созмони ҷамъиятии Шўрои Аврупоӣ, Професори фахрии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумҷаҳонии тиб, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кўҳии Урал, Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев, Профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия, Профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфа, Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон, Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, ш.Брюссел), Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Профессори фахрии Донишгоҳи миллии кўҳcории Украина ва медали тиллои академик Терпигорев, Шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхайи музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ.
Ифтихори халқу миллати тоҷик ва тамоми сокинони мамлакат нисбати Сарвари арзандаи худ поён намепазирад. Мо аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 16-уми ноябрро ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегирем. Сабаби ба ин рўз рост омадани ин ҷашн он аст, ки маҳз дар ҳамин рўзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд.
Бо ин чанд сухан шаҳномаи шаъну эътибор ва нангу номуси ватансозиву ватансолории фарзанди номдори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир намерасад. Ин корномаҳо ба хотири таҳкими давлати навини тоҷикон боз ба шеваҳои матлуб, бо натиҷаҳои назаррас, бо ибтикороти судманд идома меёбанд. Барномаҳои бештар аз 30 солаи фаъолияти Пешвои миллати моро сесаду анд ҷилд китобу мақолаҳо шояд натавонад ба таври ҳаққонӣ шарҳу тафсир кунад, чун ин корномаҳо бештар аз ин ҳама ҳаҷму вусъат лозим бояд, то ба бозгўӣ шаванду бозхонӣ. Ҳамин вусъати корномаҳо, ҳамин барномаҳои саодатофарин, зиндагосози Пешвои миллат аст, имрўз мо мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони олам бо ифтихор мегўем: Фарзанди барўманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон раҳнамову раҳкушои ҷовидони имрўзу фардои Ватан!
Аюб Усмонзода, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»