Пешравии илму маориф – пояи устувори давлату миллат

Илму маърифат нерӯи пешбаранда ва пояи рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аст. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки он давлатҳое, ки илму маорифро инкишоф дода, тамаддунҳои бузург ба вуҷуд овардаанд, беҳтарин намунаҳои фарҳангу маънавиятро ба наслҳои минбаъда боқӣ гузоштаанд. Дар баробари ин, рушди бемайлони илму маориф қодир бар он аст, ки беҳтарин манфиатҳои миллӣ дарк ва шинохта шаванд.

Илм чунин шакли фаъолияти инсон аст, ки ба донишҳои сохторӣ ва омӯзиши воқеият нигаронида шудааст. Илм ҳам системаи дониш дар бораи ҷаҳон ва ҳам фаъолияти амалии ба он асосёфта мебошад.

Таҳсилотро фаъолияти мушаххаси инсон мешуморанд, ки барои ба даст овардани ақидаҳо, малакаҳо ва ғояҳои систематикӣ дар соҳаи мушаххас нигаронида шудааст.

Дар замони муосир солимии иҷтимоии фард ва ҷомеаро сатҳи маърифатнокии инсон муайян месозад. Фаъолият ва рушди устувори маориф дар ҳама сатҳҳои мутобиқшавии иҷтимоӣ навсозии динамикии инсон ва ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф самти калидӣ дониста шуда, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад.

Бо дарназардошти он, ки маориф ва илм дар рушди давлат нақши муҳим доранд, дар солҳои истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи маориф як қатор тадбирҳои бузург андешида шуданд. Аз ҷумла, дар сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф дар мадди аввал дониста шуда, сармояи бузурги давлатӣ ба ин соҳа равона шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххасу судманд амалӣ карда мешавад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ин робита таъкид шудааст, ки “барои рушди дилхоҳ давлат соҳаи маориф соҳаи калидӣ маҳсуб мешавад. Ин соҳа заминаи асосию боэътимоди давлат барои инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад”.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ илму маорифро муҳимтарин ва афзалиятноктарин бахшҳои кишвар эълон намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат доир ба зарурати рушди маориф ва наќши он дар рушду пойдории давлатдории миллї чунин таъкид шудааст: «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии низоми маорифи муосир тарбия намудани мутахассисони дорои тафаккури эҷодӣ ва неруи баланди эҷодӣ мебошад. Аҳамияти ин вазифа аз он иборат аст, ки дар айни замон дар ҷаҳон афзоиши мунтазами рушди технологияҳо, коркарди ашёи хом, таҷҳизотҳо ва захираҳои энергетикӣ дида мешавад. Њалли ин масъалањо, аз як љониб, эњтиёљот ба коркарди технологияњои нав, пешниҳоди ғояњои нав, донишњои навро ба вуљуд оварад, аз љониби дигар, эљоди роњњои нави зуд ба даст овардан ва дар ин радиф татбиқ намудани донишҳои навро таќозо менамояд.

Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд намуданд, ки “...ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Аз ин лиҳоз, қобили зикр аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат «Мо бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳониро дар соҳаи маориф ва илм истифода барем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки кадрҳои соҳибихтисосро, ки метавонанд дар рушди кишвар саҳми арзанда гузоранд, омода созем».

Албатта, ҳамкории ҷаҳонӣ инчунин ба табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи маориф мусоидат мекунад. Масалан, иштирок дар конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ ба олимону омӯзгорон имкон медиҳад, ки табодули таҷриба ва бархӯрдҳои нави таълиму тарбияро баррасӣ намоянд. Ин ба таҳияи барномаҳо ва усулҳои инноватсионии таълимӣ мусоидат мекунад, ки метавонанд дар раванди таълиму тарбия самаранок татбиқ карда шавад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Муваффақияти ислоҳоти соҳаи маориф бештар ба маҳорати касбии омӯзгорон вобаста аст ва баланд бардоштани маќоми иљтимоии омўзгорон ва бењтар намудани шароити кори онњо вазифаи аввалиндараљаи мост».

Ин буд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда хоҳад шуд, ки ин иқдоми Сарвари давлат ба ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳаи омӯзгорӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии мутахассисони мавҷуда нигаронида шудааст.

Яке аз мавзӯъҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба рушди илм нигаронида шуда, Президент таъкид намуданд, ки дар ояндаи наздик дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо дастгирӣ карда шуда, барои мубодилаи таҷриба ва иштирок дар лоиҳаҳои якчҷоя бо ташкилотхҳои илмии байналхалқӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, он бояд нерӯи пешбарандаи рушди кишвар гардад.

Имрӯз асри нав ба асри набардҳои бузурги зеҳнӣ табдил ёфта истодааст, ки хонандагон ва донишҷӯёни муосир бояд иштирокчии фаъоли он бошанд, имкониятҳои рушди зеҳниро аз даст надиҳанд.

Яке аз ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- омода намудани ҷавонон ба ҳаёти асри нав мебошад, то онҳо тавонанд идомабахши рушди босуръати илму техника ва коркарди технологияҳои нав гарданд.

Паёми Президент барои мо – омӯзгорон роҳкушои фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва таконбахши дастовардҳои беназир дар раванди таълиму тарбияи насли наврас дар замони Истиқлол мебошад.

Раҳмонова Д.З. – дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ