​Пешомадҳои таъмини таносуби таълиму тарбия дар фазои Авруосиё

Санаҳои 24-26 марти соли равон дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек воқеъ дар шаҳри Тошканди конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалии “Пешомадҳои таъмини таносуби таълиму тарбия дар фазои Авруосиё” баргузор гардид, ки дар он намояндагони донишгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз ҷумла, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилилии донишгоҳ – Гузалхон Мирсаминова, дотсенти кафедраи умудонишгоҳии фарҳангшиносӣ – Равшан Усанов, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи умудонишгоҳии фарҳангшиносӣ – Маҳфуза Комилова ва омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ – Манучеҳр Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ташкил карда шуд. Дар конфронси мазкур беш аз 250 нафар аз 40 кишвари дунё (Русия, Булғористон, Фаронса, Гурҷистон, Озарбайҷон, Туркия, Доғистон, Қазоқистон, Қирғизитсон, Тоҷикистон ва ғайра) ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни конфронс ҳамкориҳо дар самти омӯзиш, ҳифз ва пешбурди илм дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баррасӣ шуда, оиди густаришиҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷавонон, тандурустӣ, илму техника, экология ва сайёҳӣ баррасӣ карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ