Пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ
Дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои миллату давлат ва ҳифзи суботу амнияти миллӣ вохӯрии донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.


Вохӯриро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишҷӯёну устодон муаррифӣ намуд. Мавсуф зимнан таъкид дошт, ки ҳоло ҷомеаи муосир ба тарбияи ҷавонони соҳибилм, соҳибистеъдоду хушодоб ва ҳушёру зирак ниёзи бештар дорад. Ҷамшед Ҷӯразода дар идомаи суханаш таъкид дошт, ки роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуби экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ боиси нигаронӣ аст. Нигорахон Ғаффорзода – муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи мавридид назар сунронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки мо бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намуда, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем. Зикр гардид, ки танҳо истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, диниву равонӣ ва ғайра ҷавононро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад. Сипас, Алиназар Ҳоҷизода – намояндаи МТС перомуни шомил шудани бархе аз ҷавонону занон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо, хатари терроризму ифротгароӣ ва оқибатҳои манфии фаъолияти ин гуна созмону ҳаракатҳо дар ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Номбурда зикр намуд, ки ҷавонону занон бояд хуб дарк намоянд, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд ба суботи сиёсии кишвари мо халал ворид созанд. Аз ин лиҳоз ҷавон дар раванди ҳифзи суботи сиёсии Тоҷикистон бояд бетараф набошанд. Ҳамчунин Шаҳбоз Шоҳсаидзода – ёвари директори маркази исломшиносӣ доир ба нақш ва мавқеи ҷавон дар ҷомеаи муосир ибрози назар намуда, қайд намуд, ки ин қишри фаъоли ҷомеа бо тамоми нерӯ бояд алайҳи падидаҳои номатлуб мубориза баранд. Хуршедахон Хоҷазода – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд перомуни мавзӯи мавриди назар суханронӣ намуда, аз иштирокдорон хоҳиш ба амал овард, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамолакатро дар меҳвари кору пайкори худ қарор дода, пайваста бо гуруҳҳои иртиҷоӣ дар мубориза бошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба музокира баромада, андешаҳои хешро перомуни мавзӯҳои баррасишуда баён намуда, ҷавононро баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, ватандӯстиву инсондӯстӣ тарғиби андешаи солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил