​ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ВАЗИФА ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

Дар толори Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони “Муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он дар соҳаи маориф” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода, муовини ректори оид ба таълим, профессор Насим Абдуллозода ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Насим Абдуллозода конфроснро ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки дар мамлакат барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим андешида шудааст.

Корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода зимни баромад таъкид намуд, ки таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ дар оилаву муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои пешгирӣ аз ин кирдорҳои ғайриқонунӣ мебошад ва барои решакан намудани он набояд бетарафӣ зоҳир намоем.

Устодони Донишгоҳ Нуралӣ Шукуров ва Иброҳим Ҷабборзода дар маърузаи худ қайд намуданд, ки коррупсия падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба рушди иқтисодӣ, амният ва адолати иҷтимоии ҳар давлат зарари ҷиддӣ мерасонад. Таъкид гардид, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти манфӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонони фаъол ва насли ояндасози кишвар мебошад.

Дар рафти конфронс инчунин оид ба хавфу оқибатҳои манфии коррупсия дар соҳаи маориф, риояи қонунгузорӣ, таҳкими фазои солим ва масъулиятшиносӣ дар ҷомеа андешаҳои судманд баён карда шуданд. Конфронс бо мубодилаи афкор ба анҷом расид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ