​Пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир

Оид ба масоили доғи рӯз – шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мулоқоти устодону донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо намояндагони шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардид.

Сабабҳои асосии гумроҳшавии сокинон, пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир ва роҳҳои муфиди мубориза бо он дар доираи ин мулоқот баррасӣ ёфтанд.

Сардоришуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов –подполковники милитсия Раззоқзода Абдураззоқ Саттор доир ба мавзуъҳои мавриди назар баромад намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб саҳим бошанд.

Ҳамзамон, пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Масъулин дар бораи муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ибрози назар намуда, аз аҳамият ва манфиати татбиқи он таъкид доштанд.

Қайд шуд, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ баланд бардоштани иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ