​Педагоги беҳтарини ИДМ – 2022

Маҳмадшоев Маҳмадшо, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни “Педагоги беҳтарини ИДМ-2022” соҳиби дипломи дараҷаи 1 гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон байни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида, дар он аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо ба тариқи маҷозӣ иштирок намуд.

Ҷиҳати сазовор гардидан ба мақоми аввал ба мавсуф дипломи дараҷаи як, медал ва шаҳодатнома тақдим гардид.

Ба ғолиби озмун аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом имрӯз дар вазъияти тантанавӣ диплом ва шаҳодатномаи озмун супорида шуд.

P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба мушовири ректор дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшоро ҷиҳати ғолибият дар озмуни мазкур самимона табрик гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъда дастовардҳои арзандаву назаррас таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ