Парчамат бодо парафашон!
“Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихор мебошад” – зикр гардид зимни чорабинӣ, ки бо ташаббуси кафедраи забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюм доир шуд.
Таъкид гардид, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад.
Чорабинӣ бо забони арабӣ гузаронида шуд ва “Парчамат бодо парафшон” унвон дошт.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни соли дуюм ва сеюм иштирок ва баромад намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил