​Парчам-рамзи шинохти миллат

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳои математика, забонҳои хориҷӣ ва таърих ва ҳуқуқ низ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд. Мақсад аз ин чорабиниҳо арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ унвон мешавад.

Аз ҷумла, дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор чорабинӣ баргузор гардид. Дар доираи он аз ҷониби донишҷӯён перомуни Парчам маърӯза ва шеъру суруд садо дод.

Дар доираи ин иқдом дар мавзӯи “Роҳбалад - тарҷумон - сафири ғайрирасмии кишвар” дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар баргузор шуд.

Ҳамзамон, таҷрибаомӯзони курси панҷуми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ низ бахшида ба Рӯзи Парчам дар МТМУ №23 ноҳияи Бобоҷон Ғафуровчорабинӣ гузарониданд.

Миёни хонандагон озмуни донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллатгузаронида шуд. Инчунин, хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик саволу ҷавобдоир намуданд.

Дар маҷмуъ, дар факултетҳои болозикр Рӯзи Парчам дар сатҳи шоиста таҷлил шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ