Парчам – рамзи пойдорӣ ва ифтихори ватандорист
Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар факултети геоэкология ва туризм бо иштироки устодону донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Чорабинӣ бо намоиш ва тамошои дастаҷамъонаи порчаи филм дар бораи таърихи парчами давлатӣ оғоз гардид.
Дар идома қироати шеър дар васфи “Алвонҷи парчами тоҷик”, гуфторҳо ва рақсу суруд дар васфи Тоҷикистону Парчам, чистони географӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва бозии шавқовари дарёфти номи давлатҳо аз рӯи парчам ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил