Парчам - рамзи бахту сурур
Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинӣ баргузор шуд. Ин иқдом бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ роҳандозӣ гардид.
№Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд” – зикр шуд дар чорабинӣ.
Гуфта шуд, ки парчамдорӣ, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аз нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдўсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодист.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур донишҷӯён оид ба таърихи парчаму парчамдории тоҷикону тоҷикистониён маълумот манзур карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил