Паёми Пешвои миллат - раҳнамои фардои обод

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ: раёсати донишгоҳ, 17 факултетҳо ва 5 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Пас аз тамошои он устодону донишҷӯён бо дарки рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хуш истиқбол намуданд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар баробари таҳлили амиқи соҳоти гуногуни халқ роҳбари давлат ба масоили маориф низ диққати алоҳида дода, таъкид бар он намуданд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Махсусан, пурра ҳаллу фасл намудани нарасидани кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ яке аз масоили муҳим дар солҳои минбаъда барои маорифчиёни кишвар маҳсуб меёбад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ, сӯҳбату вохӯриҳо, баррасӣ дар соатҳои тарбиявӣ, баромад дар воситаҳои ахбори умум доир ба ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ сармашқи кору фаъолияти кормандону устодони донишгоҳ маҳсуб ёфта, бо ҷалби олимони соҳа чорабиниҳо дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, кафедраҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯён ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ