ПАЙКИ ТОЗА: ТАСДИҚИ УНВОНҲОИ ИЛМИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ
Бо фармоишҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2025 як қатор устодони Донишгоҳ ба гирифтани унвонҳои илмии профессор ва дотсент сазовор дониста шуданд, ки ин нишондиҳандаи болоравии сатҳи касбӣ ва таҳкими иқтидори илмии муассиса ба шумор меравад.
Бар асоси фармоишҳои мазкур устоди Донишгоҳ Нуров Нуралӣ аз рӯйи ихтисоси «Адабиётшиносӣ» унвони илмии профессорро соҳиб гардид. Ҳамзамон, Абдуллоев Ромизҷон ва Юнусова Гулчеҳра аз рӯйи ҳамин ихтисос, инчунин Сангинова Шаҳноза аз рӯйи ихтисоси «Забоншиносӣ», Маҳмудова Назира аз рӯйи ихтисоси «Таърих», Файзуллозода Шафоатҷон, Мавлонова Раҳима, Ҳомидов Расул ва Юнусӣ Хайрӣ аз рӯйи ихтисоси «Педагогика» ба гирифтани унвони илмии дотсент сазовор дониста шуданд.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ устодонро бо ин дастоварди назарраси илмӣ самимона табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотии онҳо барору комёбиҳои нав таманно менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил