​ПАЙКИ ТОЗА: ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ НОМЗАДИИ ДУ УНВОНҶӮИ ДОНИШГОҲ

Дар заминаи татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» барои солҳои 2021-2025 санаи 25-уми октябри соли 2025 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-026-и назди Донишгоҳ ҳимояи 2 нафар омӯзгор – унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Оқилова Маҳбуба Рауфовна дар мавзуи «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар касбинтихобкунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ва Раҷабова Зӯҳро Баротовна дар мавзуи «Омил ва шароитҳои педагогии ташаккули қобилияти фикронии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор гардид.


Ҳимояҳои мазкур боз як қадами муҳим дар татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Донишгоҳ буда, барои рушди илмҳои педагогӣ, боло бурдани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа нақши калидӣ дорад.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дифои сарбаландонаи омӯзгоронро табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиашон тавфиқи пайваста таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ