​ПАЙКИ ХУШ: ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТӢ ГАРДИДАНД

Рӯзи гузашта дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол – 2025» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» донишҷӯи соли сеюми факултети математика Муҳаммад Бегбутаев сазовори ҷойи якум ва магистранти соли аввали факултети биология ва химияи Донишгоҳ Фарзона Алиева соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамчунин, дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол – 2025» донишҷӯи соли сеюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Муслимахон Неъматова мақоми сеюмро касб намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон дар фазои тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Қайд гардид, ки ҳадафи баргузории ин озмунҳо дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат, ташаббускор, ихтироъкор ва соҳибмаърифат мебошад.

Раёсати Донишгоҳ ғолибонро бо ин дастоварди навбатӣ табрик гуфта, ба таҳсил ва корҳои илмиву эҷодиашон тавфиқи пайваста таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ