​ПАЙКИ ХУШ: АФЗОИШИ ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Ҳафтаи сипаригардида дар чандин Шуроҳои диссертатсионии кишвар як қатор устодон ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳ рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Аҳад Аҳмадзода, унвонҷӯи кафедраи технология ва методикаи таълими он, рисолаи худро таҳти унвони «Методикаи ташаккули салоҳияти донишҳои иқтисодии хонандагон дар дарсҳои технология» (таълими меҳнат) дар Шурои 6D.КОА-026-и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муваффақона дифоъ намуд.

Ҳанифахон Усмонзода, докторанти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, рисолаи худро таҳти унвони «Асосҳои педагогии истифодаи афсонаҳои халқӣ дар тарбияи ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа PhD бомуваффақият ҳимоя кард.

Назира Қодирӣ дар Шурои 6D.КОА-066-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Муҳити солими психологии оила ҳамчун омили ташаккулёбии ҳиссиётҳои ахлоқии наврасон» сарбаландона дифоъ намуд.

Нисолатхон Ғаниева дар Шурои 6D.КОА-089-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ рисолаи номзадиро дар мавзуи «Нақши ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар таҳкими пояҳои давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба дифоъ расонид.

Мадина Каримӣ, докторанти PhD дар Шурои 6D.КОА-057 рисолаи худро таҳти унвони «Хусусиятҳои ташкили сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи вилояти Суғд (Дараи Сабз) ва таъсири он ба устувории геоэкологӣ» бомуваффақият ҳимоя кард.

Тоҷинисо Ашрапова дар Шурои 6D.КОА-037 рисолаи хешро дар мавзуи «Арзиши адабӣ ва масъалаҳои матншиносии «Фавоид-ул-фуод» (нусхашиносӣ, маъхазҳо, сохтор ва сабки нигориш)» бо сарбаландӣ ҳимоя намуд.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ҳамаи омӯзгорони ҷавонро бо дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодии онҳо барору комёбиҳои нав орзуманд аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ