​Паёми созанда ба давлати поянда

Аз нахустин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум буд, ки ин паём фарогири муҳимтарин нукоти созанда барои ҷомеаи давлати Тоҷикистони демократӣ ва дунявию ҳуқуқбунёд мебошад. Паёми имсола нисбат ба дигар паёмҳо аз чанд ҷониб тафовути ҷиддӣ ва хеле муассир буд. Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки барои некуаҳволии ҷомеаи Тоҷикистон давлату ҳукумат тадбирҳои ниҳоят муассирро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расонидааст, ки дар натиҷаи иҷрои онҳо дар солҳои охир натиҷаҳои босамари худро ба номиш гузоштаанд.

Ба вежа, баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои мухталиф дар чор соли охир нишонгари он аст, ки давлати Тоҷикистон баъди барқарории комили як давлатии рў ба рушд ва бунёди як ҷомеаи муосиру мудерн тавониста, ҷанбаҳои иҷтимоии қишрҳои ҷомеаро мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, бидуни монеае дар баланд бардоштани андозаи маоши кормандон сол то сол тадбирҳои муассирро ба роҳ мондааст. Ин тадбир аз пешрафти устувор ва низоми дурусти иқтисоди давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад, ки дар Паёми соли гузашта низ ёдовар гардида буд. Дар Паёми мазкур ба андозаи 20% баланд гардидани маоши вазифавии кормадони маорифу илм дар қатори дигар кормандони соҳаҳои мухталиф нишонаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Хотиррасон намуданд, ки “дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард". Дар меҳвари сиёсати давлатдории Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифу илм аз муҳимтарин соҳаҳо маҳсуб мешавад, ки нисбат ба дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимои мавқеи муносибро соҳиб мебошад. Ин аст, ки Пешвои миллат бунёди иншооти таълимиро дар раванди пешрафти соаҳои мухталифи ҷомеа яке аз рукнҳои зарурӣ ба шумор оварда, таъкид намуданд, ки “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ... бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Дигар аз масъалаҳои ниҳоят муҳиме, ки таваҷҷўҳи Пешвои муаззами миллатро ба худ кашид ва перомуни он изҳори назар карданд, рушди сармояи инсонӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибкасб барои пешрафту густариши соҳаҳои гуногун мебошад. Мусаллам аст, ки тайёр намудани соҳибкасбони тавоннову кордон ва варзида ҳамчун сармояи бузурги инсонӣ шинохта шуда идораҳои дахлдор аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.... ва дигар соҳаҳоро мебояд дар ин самт чораҳои зарурӣ ва амиқ андешанд.

Моро зарур аст, ки барои натиҷаҳои назарраси илмиву истеҳсолӣ, ба роҳ мондани техника бо истеҳсолот, рушди нанотехнология тадбирҳои муҳимро ба роҳ монем. Дар ин замина таъкид карданд, ки “ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди рақамӣ ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.

Кулли соҳаҳои иҷтимои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро дар низоми идоракунии муосир густариш додан ва дар ин замина дастуру споришҳои созандаи худро манзур намудани Ҷаноби Олӣ аз ҳадафҳои ниҳоят саривақтӣ ва мубрам мебошад. Дар ин самт таъкид намуданд, ки “... дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”.

Татбиқи амалии ин дастур дар амалкарди соҳаҳои мухталифи ҷомеа ниҳоят муҳим ва ҷавобгў ба талаботи замони муосир мебошад. Рақамикунонӣ дар раванди муносибтҳои байналхалқӣ як падидаи маъмулӣ ва дар давлатҳои пешрафта ба ҳукми анъана даромадааст. Моҳияти Паём, ки маҳз барои давлати рушдкардаистодаи Тоҷикистон нигаронида шуда буд, масъалаи мазкур ҷиҳати таҳаввулоти соҳаҳои мухталиф бо назардошти технологияи инновастиониву коммуникатсионӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар масъалаи идора намудани иқтидорҳои идоракунӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ дар қаламрави кишвар низ диққати махсус зоҳир намуда, Пешвои миллат масъулинро муваззаф карданд, ки дар вазъи имрўзаи ҷаҳон бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ аз тадбирҳои муҳим ва саривақтист. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ки дар меҳвари андешаҳои Пешвои миллат қарор дошт, пеш аз ҳама ҷомеаи моро дар муҳити густариши равандҳои иқтисодӣ ошно намуда, дар ин замина масъулнро водор намуданд, ки ҷиҳати дуруст ва босамар ба роҳ мондани муносибатҳои шаффофи бонк чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар ин замина “такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣро таъкид дошатанд.

Дар ҷомеаи муосир густариши равандҳои инноватсионӣ бо истифодаи технологияи инноватсионӣ ва дар ин замина инкишоф додани технологияи рақамӣ яке аз тадбирҳои ниҳоят зарур мебошад, ки бо назардошти он Пешвои миллат солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.

Барои татбиқӣ амалии ин тадбир зарур дониста шуд, ки дар заминаи “Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Маълум аст, ки бидуни мутахассисони ин соҳа самти мазкур густариш пайдо нахоҳад кард ва дар омўзиши технологияи рақамӣ бидуни муассисаи таълимӣ наметавон фаъолият намуд. Дар ин замина як нуктаи ниҳоят муҳим, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомўзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ мебошад”, ки дар таркиби мантиқии Паём аҳамияти махсусро соҳиб мебошад.

Дигар аз муҳимтарин нукоти дар Паём ироагардида перомуни сиёсати ҷавонон буд, ки дар ин самт андешаҳои арзишманд манзур карда шуд. Пешвои муаззами миллат бо назардошти ҷаҳони пуртазод ва ноороми ҷомеа эмин нигоҳ доштани тафаккури ҷавононро аз ҳар гуна мафкураҳои радикаливу ифротӣ ва хуруфотпарастӣ зурар дониста дар замина дасутру супоришҳои муҳиму саривақтӣ баён намуданд. Як нуктаи ниҳоят муҳим ва барои ҷомеаи ҷавони мо зарурӣ ин аст, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки “бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.” Татбиқи амалии ин ҳарфи тақдирсози Пешвои миллат дар зеҳни ҷавонон ва дар маҷмуъ ҷомеаи мо барои ояндаи дурахшони кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ