Паёми саодатовари Пешвои муаззами миллат

Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28-12-2024.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ироа гардид.
Барои таъмини соҳаи иҷтимоӣ дар баробари захираҳои моддиву маънавӣ, инчунин ташаббусҳои саривақтӣ лозим аст, ки хушбахтона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.
Аз Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳамасола ҷиҳати баландбардории маоши кормандони буҷетӣ хоса кормандони соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз қабили маорифу илм, соҳаи ҳарбиву тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар тадбирҳои фавриву саривақтӣ андешида мешавад, ки талошҳои Ҳукумати кишварро дар робита ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инъикос менамояд.
Эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ҳам бо мақсади рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мебошад, чунки истифодаи технологияҳои компютерӣ ва рақамӣ, ин омили асосии рушди сиёсати иқтисодии кишварҳои мутараққӣ мебошад ва бечунучаро дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи дилхоҳ мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бениҳоят калон ҳаст. Дар ҳақиқат ҳамаи ин дигаргуниҳо, пешравиҳо ва тараққиёт бо шарофати корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омадаанд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар Паёми солонаи хеш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки имрӯз дар хориҷи кишвар зиёда аз 42 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин миқдор 33% - ро донишҷӯдухтарон ташкил менамоянд.
Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид доштанд, ки пешрафти ҳар як кишвару давлатро маҳзомӯзгоронаш, яъне кадрҳои баландихтисоси соҳаи маорифи кишвар, мактабу маориф таъмин менамояд.
“Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.
Имрӯзҳо дараҷаи инкишофи бемайлони соҳаи иҷтимоӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки иқдомҳои созандаи Пешвои миллат самараи хуберо ба бор овардааст. Мардуми шарифу сарбаланди тоҷик аз он меболанд, ки аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар бархурдоранд.
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-омӯзгоронро бори дигар ва беш аз пеш вазифадор месозад, ки баҳри рушди босуботисоҳаи маорифи кишвар ва ин макону ин диёри биҳиштосою ҷаннатмакон - Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарму тавоно, нияти пок, андешаи зеҳнии оқилона, руҳу қалби тоза талош варзем.
Манижа Ахмедова, устоди кафедраи педагогикаи умумии МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"