Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи рушди устувории ҷомеа
Дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №5 бо ибтикори садоратҳои факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи рушди устувории ҷомеа” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда, бо иштироки устодон ва донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибонаи факултетҳои мазкур баргузор шуд.
Конференсияро декани факултети таърих ва ҳуқуқ Ҷабборзода Иброҳим ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди устувори ҷомеа ва зарурати баргузории чунин чорабиниҳои илмиро таъкид намуд.
Сипас, тибқи барномаи чорабинӣ, дотсент Ҳошимова мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маорифи кишвар” баромад намуд. Дар баромади худ ӯ аҳаммияти Паёмро ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълим мавриди таҳлил қарор дод. Дотсент Ҳусейнов, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ, дар мавзуи “Инъикоси рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат” суханронӣ намуда, ба дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Паём таъкид шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои муҳими вобаста ба татбиқи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил