​ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ — РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

17 январ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоти сиёсатшинос, ходими ҷамъиятӣ ва шоир Абдуллоҳи Раҳнамо бо ҳайати омӯзгорони Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот деканҳои факултетҳо, муовинони декан оид ба илм ва инноватсия, тарбия, инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ буда, самтҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд. Ба таъкиди ӯ, Паём ҳамчун оинаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва барномаи мукаммали амал барои пешрафти ҷомеа хизмат мекунад.

Сипас, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зимни баромади худ ба масъалаҳои калидии Паёми Президенти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки дар он таҳкими иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳамчун афзалиятҳои стратегии давлат муайян шудаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди маорифу илм, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва истифодаи технологияҳои муосир омили асосии пешрафти устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар бахши музокира муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Содиқ Ятимзода ва декани факултети филологияи тоҷик Замира Ӯлмасзода вобаста ба аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди соҳаҳои илм, маориф ва тарбияи мутахассисони ҷавон фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои таъмини рушди устувори кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳаммияти муҳим дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ