Паёми Пешвои миллат ва таъмини амнияту суботи ҷомеа
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар санади муҳим, таҳлилӣ, дурнамо ва роҳнамунсози самтҳои асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, амалигардии ҳадафу барномаҳои стратегӣ ва сафарбаркунандаи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонӣ, таълиму тарбия, эҳтироми волидайн, одобу ахлоқи ҳамида, иҷрои қонунгузорӣ, дӯст доштан ва муҳофизат кардани Ватан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат ҳамасола дар Паём ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, бохабар будан аз вазъи ҷаҳони муосир, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии хурофоту ҷаҳолат, терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу амнияти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 баён гардид Сарвари давлат зикр карданд, ки: “Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Ин нуктаи баённамудаи Пешвои муаззами миллат, моро водор месозад, ки дар шароити муосир, ҷангу нооромиҳо дар қитъаҳои гунонгуни олам, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, ҷангҳои сарду киберӣ, яроқнокшавии бошиддат, таҳдидҳо бо яроқи ҳастаӣ, таҳримҳои тӯлонӣ ва духӯрагии баъзе давлатҳо нисбат ба терроризму экстремизм, барои таъмини бехатарии иқтисодӣ ва амнияти кишварчораҳои саривақтию зарурӣ андешем.
Кафили рушди босубот, расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат, амалигардии нақшаву барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум вобаста аст. Иқдомҳои давлату Ҳукумат, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардиданд бевосита барои амалигардонии ин ҳадафҳо равона карда шудааст. Иҷрои барзиёди нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ,сол аз сол баланд гардидани маошу нафақа ва стипендияҳо, сохта ба истифода дода шудани иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Соли 2025 моро маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ интизор аст, ки тибқи фармони Президенти мамлакат аз 4-уми декабри соли 2024, рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.
Доир ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
Бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ тамоми шаҳрвандони кишвар, ки синни 18-солагиро пур кардаанд, бояд барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон ҳуқуқи сиёсию интихоботии худро истифода бурда, номзадони арзандаро пешбарӣ намоянд ва мавқею рисолати шаҳрвандиашонро бо иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот интихобот нишон диҳанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.
Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад”.
Ин суханон моро ба софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои мансабиву хизматӣ, манфиатҳои давлату Ҳукуматро аз тамоми манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузоштан, муттаҳид будан, зиракии сиёсиро аз даст надодан ва муборизаи беамон бурдан ба хурофоту ҷаҳолат, терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ба амнияту суботи давлату ҷомеа мавҷудбуда равона месозад.
Вобаста ба мубориза ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба мавҷудияти сохти давлату давлатдории муосир, дар баъзе минтақаҳои олам таҳдид карда истодааст, Сарвари давлат зикр намуданд, ки: “мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротгароии динӣ дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ азиётҳои даҳшатбор кашидааст, барои мубориза ба он тамоми заминаҳои ҳуқуқиву маъмуриро муҳайё намудааст ва дар ин самт чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ гузаронида, мавқеи худро муайян месозад. Моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки ҳоло номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардида буд. Дар он ҳамоиши саривақтии сатҳи баланд Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуда, зикр карданд, ки террорист давлату миллат надорад.
Сарвари давлат дар Паём ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки дар вазъияти пуртазоду ноороми муосир аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Дар ин замина таъкид намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Новобаста аз ғамхориҳои беандозаи Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон, рушди варзиш, соҳаи илму маориф мутаассифона то ҳол ҳолатҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба назар мерасанд, ки роҳбарияти давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаи моро ба ташвиш меоранд. Суханҳои Сарвари давлат доир ба хатари беандоза доштани терроризму экстремизм ва хурофоту ҷаҳолат ба амнияту субот ва тинҷиву осоиштагии давлату миллати моро тамоми шаҳрвандон, новобаста аз миллат, наҷод, маҳалли истиқомат, махсусан падару модарони азиз, аҳли ҷомеа, масъулини соҳаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, занон аз зинаҳои аввали таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеҳни наврасону ҷавононро бояд бо донишҳои замонавӣ, ихтирокорию навоварӣ, меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан, хештаншиносиву худогоҳӣ пур намуда, ба ҳаёти мустаъқилона омода намоем. Чунон тарбия намоем, ки иродаву адешаи қаввӣ, ҷуръату матонат дошта бошанд, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба давлату миллати хеш хиёнат накунанд. Гаравидан ба экстремизму терроризм ин хиёнат ба давлат, сарзамини аҷдодӣ, Ватан-Модар аст.
Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров