Паёми Пешвои миллат ва рисолати созандаи он
Чунин унвон дошт семинари омӯзишӣ-тарбиявӣ, ки бо ташаббуси факултети геоэкология ва туризм баргузор гардид. Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи нуктаҳои муҳими Паём унвон мешавад.
Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо ироа гардиданд. Аз ҷумла, декани факултет Абдухолиқзода Музаффар дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ - барнома ва раҳнамои имрӯзу фардо” маърӯза намуд.
Номбурда доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт, маълумот дод.
Ҳамзамон, масоили марбут ба соҳаи илму маориф, ки дар Паёми навбатӣ низ ҷойгоҳи хос дошт, таҳлил шуд.
Баъд аз ироаи маърӯзаҳо миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил